06 Январ 2015
Моҳира Раҳимзода, намоянда аз рӯзномаи «Сухани халқ»:
- Дар маърӯзаатон доир ба идомаи соли ободонӣ дар маҳаллаҳо сухан рафт. Донистан мехоҳам, ки дар маҳаллаи Баҳор кадом корҳои ободонӣ назардошт шудааст? Оё дар ин мавзеъ майдончаи варзишӣ бунёд ва роҳаш обод мегардад?
Раис: - Ободонии маҳаллаҳо бар дӯши роҳбарияти мақомоти иҷроия ва раисони кумитаи маҳаллаҳо вогузор шудааст. Барои ободонии роҳи маҳалла бояд раиси кумитаи маҳалла ба идораи роҳсозӣ муроҷиат намояд. Дар хусуси майдончаи варзишӣ, маблағи зарурӣ аз ҷониби мақомоти иҷроия ҷудо мегардад ва он тариқи ҳашар бо дастгирии сокинони маҳалла сохта мешавад. Ободии роҳи байни мактаб ва биноҳои баландошён дар нақша ҳаст ва он муовифиқи нақша-чорабинӣ амалӣ мегардад.
Манижа Юсуфова, намояндаи ШТР «СМ-1»:
- Ҷинояткорӣ дар шаҳр дар кадом сатҳ аст?
Раис: - Дар ҳолати 1 январи соли 2015-ум 983 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки ин нисбат ба соли гузашта 5,4 фоиз зиёд аст. Аз тарафи ноболиғон 52 ҷиноят содир гардид ва барои ислоҳи он муовини Раиси шаҳр Умеда Муродова, мудири шуъбаи маориф Саидмухтор Ҷалолов ва директорони мактабҳо бо волидайн суҳбат гузаронида, сатҳи ҷиноят аз ҷониби кормандони шуъбаи корҳои дохилӣ ва раиси кумитаи маҳаллаҳо таҳлил карда мешаванд. Дар оянда кӯшиш мекунем, ки ҷинояткорӣ дар шаҳри Хуҷанд коҳиш ёфта, насли солим ба воя расад.
Тилав Расулзода, хабарнигори маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон»:
Барои аз қамишзор тоза намудани дарёи Сир чӣ нақшаҳо доред?
Раис: - Кумитаи ҳифзи муҳити зист соле 4-5 маротиба шурӯъ аз Наврӯзгоҳ то Боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ шанбегӣ ташкил карда, ҳар ду соҳили дарёро аз алафҳои бегона тоза мекунанд. Ҳамчунин, аз ҷониби соҳибкори тарабхонаи «Боғи Ирам» соҳили дарё ба тартиб дароварда шуд. Лекин барои пурра тоза кардани соҳили Сир ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ муроҷиат кардем ва дар сурати ҷудо гардидани маблағ хоки дарё пурра бароварда мешавад. Ин кор маблағи калонро талаб мекунад. Бинобар ин, сари чанд вақт аз ҷониби кумитаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр ва сарраёсати ободонии шаҳр корҳои ободонии соҳил гузаронида мешавад.
Раҳимҷон Аҳмадов, хабарнигори радиои «Садои Хуҷанд»:
-Дастрасии оилаҳои ҷавон ба манзил душвор аст. Барои таъмини оилаҳо бо хонаҳои истиқоматӣ чӣ тадбир андешида мешавад?
Раис: - Дар асоси қарори Маҷлиси намояндагони вакилони халқи шаҳри Хуҷанд ширкатҳои сохтмонӣ баъди пурра ба анҷом расидани корҳои сохтмонӣ аз масоҳати умумии бино 5 фисадашро ба шуъбаи манзили шаҳри Хуҷанд мегузаронанд. Онро мо ба кадрҳои ҷавон ва ё мутахассисони собиқадоре, ки солҳои тӯлонӣ меҳнат доранду эҳтиёҷманди манзили зистанд, медиҳем. Ба ғайр аз ин, ба идораи сохтмони асосии шаҳр барои бунёди биноҳои панҷошёна замин ҷудо кардем, ки дар ҳолати ба анҷом расидани сохтмони он ба кормандони эҳтиёҷманди ба хизмати ватан содиқ дода мешавад.
Хосият Комилова, намояндаи «Садо ва симои Эрон»:
-Оё гунаҳкорони сӯхтори бозорҳои мавзеи «Панҷшанбе» муайян гаштанд? Ва намояндаи сафорати Эрон барои пӯшонидани хисорот чӣ мадад расонид?
Раис: - Оид ба ин масъала дар раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилоят кор бурда истодаанд. Мақсади мо то 1 феврали соли равон аз нав бароқарор кардани ин чаҳор маркази савдо аст. Дар назди бахши Бонки миллӣ дар шаҳри Хуҷанд ситод ташкил шудааст, ҳар ҳафта рӯзи ҷумъа бо соҳибкорон вохӯрӣ гузаронида мешавад. Пардохти қарзи соҳибкорон аз бонкҳо дар муддати муайян боз дошта шуд ва барои пешбурди соҳибкорӣ қарзҳои нави бефоиз дода шуд, намояндаи сафорати Эрон 36 ҳазор сомонӣ маблағ ва ду мошини дарздӯзӣ барои ҷабрдидагони сӯхтор ҷудо кард.
Мавзуна Ваҳҳобова, хабарнигори «Тирози ҷаҳон»:
- Пас аз қабули қарор оид ба авф аз шаҳри Хуҷанд чанд нафар аз маҳбас озод шуд ва масъалаи бо кор таъмин шудани онҳо дар кадом сатҳ аст?
Раис: - Ба муносибати 20-солагии қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Сарвари мамлакат Эмомалӣ Раҳмон қарори авф қабул гардид, ки дар ин асос зиёда аз 10 ҳазор нафар ба озодӣ баромаданд ва ё ҳукмашон кам гардид. Аз шаҳри Хуҷанд 40 нафар аз маҳбас озод гардида, танҳо 3 нафар барои таъмини кор ба мақомоти иҷроия муроҷиат намуд. Онҳоро аз рӯи ихтисосашон ба кори сохтмон ҷалб кардем. Афсӯс, 4 нафар аллакай такроран даст ба ҷиноят зад. Барои такроран ба маҳбас нарафтани авфшудагон бояд раисони маҳаллаҳо, кормандони ҳифзи ҳуқуқ корҳои профилактикӣ бурда, онҳоро ба роҳи рост ҳидоят намоянд.
Сино Fафурӣ, намояндаи телевизиони «Танин»:
-Баҳри иҷрои қонун дар бораи забони давлатӣ дар хусуси номгузории мағозаҳо кадом корҳо амалӣ мегарданд?
Раис: - Бо супориши қатъӣ муовини Раиси шаҳр Умеда Муродова ва шуъбаи рушди иҷтимоии шаҳр вазифадор гаштанд, ки камбудиҳои ҷойдошта дар хусуси номгузории мағозаҳо ислоҳ гарданд. Корҳо дар ин самт беҳтар гардид, аммо 5-6 фисад боқӣ монданд, ки инҳо марказҳои шавқмандкунӣ ҳастанд. Онҳо супориши комиссияро иҷро накарданд. Мо дар ин хусус ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кардем ва соҳибни чунин марказҳо вазифадор гаштанд, ки то ҷашни Наврӯз номи муассисаи худро пурра ба забони тоҷикӣ мувофиқ гардонанд.
Мӯниса Атаева, хабарнигори ШТР «Азия»:
-Мувофиқ маълумоти обуҳавосанҷҳо аз 10 январ ҳаво сард мегардад. Оё шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд барои таъмини аҳолӣ бо барқ омода ҳастанд?
Набиҷон Иброҳимзода, сардори шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд:
-Аз санаи 27 декабри соли 2014-ум дар як шабонароӯз ба миқдори 2,5 миллион кВт/соат нерӯи барқ ба шаҳри Хуҷанд ҷудо шудааст. Аз ин 70 фисадаш ба аҳолӣ ва 30 фисадаш ба иншоотҳои ҳаётан муҳим муқаррар гардидааст. Дар ҳолати сард шудани ҳаво аҳолӣ ба таври веерӣ бо барқ таъмин мегардад.
Дар фарҷоми нишасти матбуотӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода кормандони воситаҳои ахбори оммаро ба ҳамкорӣ даъват карда, баҳри инъикоси воқеъбинонаи масъалаҳо барор хост.