(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Барномаи солинавии  шаҳри Хуҷанд беҳтарин дар вилоят.Бо мақсади дарёфти чеҳраҳои нави ҳунарӣ истеъдодҳои ҷавон ва ҷалби шахсони лаёқатманд ба фарҳангу ҳунар аз санаи 15 то 31 декабр дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд», дар назди арчаи асосӣ озмуни барномаи фарҳангии солинавии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гардид. Давоми 16 рӯз  истеъдодҳои ҷавони шаҳру ноҳияҳои вилоят дар назди ҳакамон ва сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанд барномаҳои ҷолибу рангини худро пешниҳод намуданд.
Дар асоси низомнома  аҳли фарҳанги  шаҳру ноҳияҳо барои интихоби жанр ва тарзи пешниҳоди барномаи солинавӣ ихтиёр доштанд. Санаи 31 декабри соли сипаришуда, дар чорабиниҳои ниҳоии солинавӣ ҳайати ҳакамони бо салоҳият, ки аз ҷониби Раёсати фарҳанги вилояти Суғд таъсис дода шуда буд, натиҷаҳои озмуни солинавӣ  эълон гардид. Дар асоси қарори ниҳоӣ, барномаи пешниҳоднамудаи ҳунармандони шаҳри Хуҷанд ҷойи аввалро соҳиб гашт.
Барномаи солинавии истеъдодҳои ҷавони шаҳри Хуҷанд иборат аз номераҳои навозиш, баромади  ҳамсароён, компазисияи адабӣ мусиқӣ, рақси якка, умумӣ ва ғайра иборат буд.
Аҳли фарҳанги шаҳри Истиқлол ва ноҳияи Ғончӣ соҳиби ҷойи дуюм гашта, ҷойи сеюм бошад ба ҳунармандони шаҳри Чкалов ва ноҳия Б. Ғафуров лоиқ дониста шуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва сардори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд Ориф Набиев ба ғолиби ҷойи аввал,- ҳунармандони шаҳри Хуҷанд, панҷ ҳазор сомонӣ ба намояндагони шаҳрҳои Истиқлол, Чкалов ноҳияҳои Ғончӣ ва Б Ғафуров якуним ҳазор сомон маблағу  тӯҳфаҳои хотиравӣ супориданд.