(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд дар чорабинии солинавии муассисаҳои иҷтимоӣ.Раиси шаҳри Хуҷанд дар чорабиниии солинавии мактаб-парваришгоҳи махсуси ёрирасон ва Хонаи пиронсолон ва маюбони шаҳри Хуҷанд иштирок намуд.
Дар оғоз Раиси шаҳри Хуҷанд дар мактаб-парваришгоҳ бо тарбиятгирандагони ин муасссиса мулоқоти самимӣ анҷом дода, кулли ҳозиронро бо фарорасии соли нави мелодӣ самимона табрик намуд. Бо қувваи худи кӯдакони имконияташон маҳдуд ва кӯмаки мураббиён барномаи ҷолиби солинавӣ ба иштирокдорони чорабинӣ манзур гардид. Лозим ба қайд аст, ки бори нахуст дар барномаи солинавӣ толибилмони имконияти шунавоияшон суст иштирок намуда маҳорати худро намоиш доданд.
Раҷаббой Аҳмадзода ба ҳамаи қудакони ҳузурдошта тӯҳфаҳои солинавӣ супорида барои таҳсилу ҳаёти минбаъдаашон комёбӣ орзу намуд. Дар хонаи пиронсолон Раиси шаҳри Хуҷанд кулли бошандагони ин муассисаи иҷтимоиро бо фарорасии соли нав табрик намуд.
«Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша доири қишри эҳтиёҷманди аҳолӣ ва шахсоне, ки дар чунин муассисаҳо зиндагӣ мекунанд, ғамхории ҳамешагӣ зоҳир менамоянд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар иҷроиши дастуру супоришҳои сарвари давлат ҳамарӯза нисбати онҳо ғамхории пайваста зоҳир менамояд.»,- таъкид намуд Раиси шаҳри Хуҷанд.
Дар хонаи пиронсолон 61 нафар шахсони бесарпаноҳ ва бепарастормонда истиқомат мекунанд, ки барои онҳо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Ҳамзамон Раиси шаҳри Хуҷанд аз ҳоли шахсони барҷомонда низ дидан намуд. Ҳангоми боздид ба Раиси шаҳри Хуҷанд модари бемори барҷомонда Ким Аркадий, ки аз соли 2011 инҷониб дар ин муассиса истиқомат мекунад барои барои расондани кӯмак хоҳиш намуд. Мудири шӯъбаи ҳифзи иҷтимоӣ Фирдавс Комилов барои ворид намудани мавсуф ба рӯйхати кӯмакгирандагон муваззаф гардид. Хамчунин шахси танҳомонда, Саидниссо Орипова ки таи чанд моҳ инҷониб имкони гаштугузор надорад низ минбаъд кӯмакпулӣ хоҳад гирифт.
Аз ҷониби Раҷаббой Аҳмадзода таъкид гардид, ки барои ҳифзи саломатии бошандагон табибон бо тамоми шароитҳо таъмин бошанд.