(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Номи Мунзифа Ғаффорова ба кӯчаи нави шаҳр гузошта шуд.Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини Раиси вилояти Суғд Хайрулло Амонулло бо ҳамроҳии сокинони маҳаллаи «Ваҳдат» дар расми гузоштани лавҳаи хотиравӣ ва номгузорӣ намудани номи яке аз кӯчаи навбунёди маҳаллаи «Ваҳдат», микроноҳияи 29-и соҳили рости шаҳри Хуҷанд ба номи аввалин доктори илми фалсафа байни занон, профессор ва ходими давлатӣ Мунзифа Ғаффорова иштирок намуданд.
Доири номгузории кӯча ба номи номбурда ва гузоштани лавҳаи хотиравӣ Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати IV-ум аз 25 сентябри соли 2014, №279 ба тавсиб расида буд.
Раиси шаҳри Хуҷанд доири хизматҳои арзандаи ин шахси накӯном ва соҳибэҳтиром ҳарф зада, таъкид намуд, ки хизматҳои архандаи чунин шахсон, ки дар пешбурди илми кишвар таҳкими заминаҳои он ҳанӯз дар нимаи аввали садаи бистум баланд бардоштани эътибори зани тоҷик ба таври алоҳида қайд намуд. Ходими хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» Мунзифа Ғаффорова 4 октябри слои 1924 дар шаҳри Ленинобод дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Соли 1940 баъд аз хатми факултаи омӯзгорӣ ба факултаи табиатшиносии Донишкадаи омӯзгории Ленинобод ба номи С. М. Киров дар вазифаҳои котиби кумитаи комсомолии вилояти Ленинобод, котиби кумитаи комсомолии Тоҷикистон мудири шӯъбаи кор бо занони назди кумитаи маркази ҳизби Коммунисти Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Фаъолияти илми – тадқиқотии Ғаффорова Мунзифа аз соли 1952 баъди дохил гардидан ба шӯъбаи аспирантураи Академияи илмҳои Тоҷикистон оғоз меёбад.
Соли 1955 дар кафедраи Марксизм-Ленинизми дониш-кадаи омӯзгории занони шаҳри Душанбе ва баъди якҷояшавии Донишкадаи номбурда ба донишкадаи омӯзорӣ ба номи Шевченко то соли 1962 ба ҳайси дотсенти кафедраи  номбурда адои вазифа намуда аз соли 1962 то соли 1974 вазифаи мудири кафедраро ба зима дошт.
Ҳамчунин дар вазифаи ректори Донишкадаи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзода ва солҳои 1979-1988 дар вазифаи ректори донишкадаи омӯзгории Душанбе ба номи Шевченко фаъолият бурдааст.
Барои хизматҳои шоён дар инкишофи илми фалсафа ва тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ дар Ҷумҳурӣ соли 1974 ба унвони «Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон» мушарраф гардидааст.
Зиёда аз 200 корҳои илмӣ ва илмӣ-методӣ: монографияҳо, китобҳои дарсӣ, мақолаҳо таҳия намуда, дар Ҷумҳурӣ ва берун аз он ба нашр расонидааст, ки ҳоло мавриди баҳрабардорӣ қарор дорад. Солҳои тӯлонӣ ҳамчун аъзои ҳайати таҳририяи Энсиклопедияи Тоҷикистон оид ба равияи фалсафа кор бурдааст. Ҳамчун ходими намоёни ҳизбию давлатӣ вазифаҳои узви Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон, раиси комиссияи доимоамалкунандаи Шӯрои Олии республика оид ба илму маориф Шӯрои диссертатсионӣ аз фалсафа оид ба ҳимояи рисолаи номзадӣ ва докторӣ дар назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Хизматҳои шоёни Ғаффорова Мунзифаро давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта ӯро бо ду ордени «Байрақи сурхи меҳнат», Ордени «Дӯстии халқҳо», ордени «Дӯстӣ», медалҳои «Барои меҳнати шуҷоатнок, Ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиолистии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо нишонҳои «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон», «Аълочии маорифи Иттиҳоди Шӯравӣ», «Мураббии ҷавонон» ва «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон», сарфароз гардонида буд.
Мунзифа Ғаффорова санаи 28 июни соли 2013 дар синни 88- солагиаш вафот кардааст.
Дар назди ҳозирон ҳамчунин дӯсти деринаи Мунзифа Ѓаффорова - Биҳоҷал Раҳимова, шогирди шодравон Доктори илмҳои фалсафа Расулҷон Солиҷонов, фарзанди олимаи некном, узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, декани Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ Заррина Раҷабова  баромад намуда, аз хислатҳои неки ин устоди зиндаёд ёдоварӣ намуданд.