(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Шахсони барӯманд «Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд» гаштанд.Бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд барои хизматҳои шоиста, фаъолияти пурсамари меҳнатию ташкилотчигӣ дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, илм ва маориф, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятии шаҳр ходими ҳизбӣ ва давлатӣ Ҳасанов Олимҷон Толибҷонович, олим ва мураббӣ Назаров Абдушукур Абдураҳимович, ходими давлатӣ ва сиёсӣ Қурбонов Юсуф Ҳоҷибоевич муҳақиқ ва муаррихи шинохта Турсунов Назирҷон Очилович ва ходими давлатию ҳизбӣ Ҳасанова Шуҷоат Ҳасановна ба унвони ифтихории «Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд» сазовор дониста шуданд.
Имрӯз дар ҳузури вакилони  Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд ва фаъолон Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба номбурдагон Шаҳодатномаи ин унвони ифтихориро супорида, бо соли нави мелодӣ табрик намуд ва ба ҳамаи онҳо тансиҳатию давлати бегазанд орзу намуд. Аз номи соҳибунвонгаштагон собиқадори меҳнат Шуҷоат Ҳасанова барои эҳтирому эътибор ба давлату ҳукумат изҳори сипос намуда, таъкид намуд,ки онҳо ҳамеша дар як саф бо кулли фаъолони шаҳр дар ҳаёти ҷамътиятию сиёсӣ хоҳанд буд.
Лозим ба ёдоварист,ки унвони ифтихории «Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд»  барои шахсони собиқадори  соҳаҳои мухталиф, ки дар пешрафт ободӣ ва рушди маркази вилоят саҳми арзанда доранд ва таҳкими арзишҳои миллӣ ва суннати мардуми ин сарзамини бостонӣ нақши муассир доранд сазовор дониста мешаванд. Дар шаҳри Хуҷанд дар гӯшаи махсус мавҷуд аст, ки дар он акси ин унвони ифтихориро дошта  насб карда мешавад. Тибқи дастури Раиси шаҳри Хуҷанд то таҷлили Иди наврӯзи соли 2015 ин мавзеъ комилан азнавсозӣ карда шуда, он ба гулгашти истироҳатӣ ва мавзеи фароғатӣ бо фаввораҳои орошӣ мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.
Холо 22 нафар собиқадорони меҳнат чунин унвони ифтихориро доранд, ки байни онҳо ходими давлатию ҳизбӣ Биҳоҷал Раҳимова, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Ҳамроҳ Тоҳирова, Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯрабек Набиев низ онро мушарраф гаштаанд.