(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Иҷлосияи бистуми вакилони халқи шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Имрӯз иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд даъвати чаҳорум баргузор гардид.
Кори иҷлосияро Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода ифтитоҳ намуда, баъди интихоби котиботи ҷаласа ҳозиронро бо рӯзномаи маҷлис ошно намуд.
Вакилони халқ рӯзномаи иҷлосияро бо баррасии 7 масала тасдиқ намуданд.
Аз рӯи масалаи якум вакилони маҷлиси шаҳри Хуҷанд ҳисоботи Раиси шаҳри Хуҷандро оиди фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар 11 моҳи соли 2014 шуниданд. Дар маърӯза таъкид гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ  шумораи умумии корхонаҳои саноатӣ ба 151 адад расида, он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 44 адад, ё 41,0 дарсад зиёд шудааст. Ғайр аз ин боз 2 адад корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ ташкил карда шуда, теъдоди он то охири сол ба 153 адад расонида мешавад. Натиҷаҳои ба дастомадаи нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва чораҳои андешидашуда ба мо имкон дод, ки иҷрои нақшаи буҷети давлатӣ 107,4 фоиз ва буҷети маҳаллӣ 107,1 фоиз таъмин гардид, ки аз нақшаҳои пешбинишуда мутаносибан дар ҳаҷми 15,1 миллион сомонӣ ва 5,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Соли ҷорӣ, ки “Соли 2014 соли ободонӣ ва гулкорӣ” эълон гардидааст, дар шаҳр корҳои зиёд амалӣ гардонида шудааст. Дар натиҷа ба масоҳати 96,8 км роҳҳои кӯчаҳои шаҳр, аз ҷумла 43,7 км аз таъмири капиталӣ ва 53,1 км аз таъмири ҷорӣ бароварда, ҳамагӣ ба миқдори 2332,9 тонна асфалт хобонида шуд. Инчунин 2000 метри квадратии роҳҳои пиёдагард сафолакпӯш карда шуда, ба маблағи 249 ҳазор сомонӣ корҳои рангубори бардюрҳо, кашидани хатти уфуқӣ ва аломатгузории роҳҳо ба сомон расонида шудааст.
Баъдан Рустами Раҳматулло - вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии №27 , Раъно Хоҷаева  - вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии №35 ба музокира баромада, самтҳои рушди соҳаҳои хоҷагии халқи маркази вилоятро дар 11 моҳи моли равон мусбӣ арзёбӣ  намуданд.
Аз рӯи масъалаи дуюм,- Дар бораи тасдиқи ҳисоботи буҷети шаҳри Хуҷанд барои соли 2014 ва баррасии лоиҳаи буҷети шаҳри Хуҷанд барои соли 2015», дар назди вакилон сардори Раёсати молияи шаҳр Абдусалом Бобоҷонов баромад намуд. Номбурда баъди муаррифии қисматҳои асосии лоиҳаи буҷа аз вакилон хоҳиш намуд, ки барои соли оянда 100200000 сомонӣ маблағи даромаду хароҷотро тасдиқ намоянд.
Баъди баромади вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии №9 - раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд «Оид ба масъалаҳои ислоҳоти иқтисодӣ ва буҷет» Мақсуд Зиёбоев намояндагони мардум лоиҳаи буҷети шаҳри Хуҷандро тасдиқ намуданд.
Баъдан аз ҷониби маҷлис  масъалаи сеюми рӯзнома «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати чорум аз 19 декабри соли 2013, №251 «Дар бораи муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмии алоҳида дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд» баррасӣ гардид.Баъди тасдиқи қарори дахлдор муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Умеда Муродова аз рӯи масъалаи чорум «Оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ» баромад намуд. Вакилони халқ пешниҳоди номгузорӣ шудан ва иваз намудани чанде аз кӯчаҳои шаҳр ва гузоштани лавҳаи ёдгориро дастгирӣ намуданд.
Тибқи лоиҳаи азнавсозии шаҳр солҳои минбаъда таҷдиди кӯчаи ба номи К Хуҷандӣ то буриши кӯчаи ба номи М Танбӯрӣ пешбинӣ шудааст. Муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Дадоҷон Абдуллоев нақшаи ангории ин навсозиро пешниҳод намуда, маълумот дод,ки  соҳибкорони маҳаллӣ имкон доранд дар ин азнавсозӣ иштирок намоянд.
Дар назди намояндагони мардум баъди тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳр муовини Раиси вилояти Суғд Яъқубӣ баромад намуда нишондиҳандаҳои шаҳри Хуҷандро дар соли сипаригаштаистода чун намунаи ибрат ва назаррас арзёбӣ намуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар интиҳо барои кору фаъолияти пурсамар ба вакилони шаҳри изҳори сипосмандӣ намуда, изҳори боварӣ намуд, ки соли оянда барои кулли мардуми кишвар бобарор хоҳад буд.