(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд қаҳрамони меҳнат Ҳамроҳ Тоҳироваро аёдат намуд.Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар баробари аёдати чанд тан аз собиқадорони меҳнат, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, бегоҳии дирӯз барои хабаргирӣ ва табрикоти солинавӣ ба манзили истиқоматии шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Ҳамроҳ Тоҳирова рафт. Қаҳрамонзан айни замон ҳамроҳи пайвандонаш зиндагӣ карда, давлати пирӣ меронад ва маслиҳатгари аҳли маҳаллааш аст.
Раиси шаҳри Хуҷанд табрикоти самимии солинавии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро ба ин шахси барӯманд расонда, ба шароити зист, таъмини иҷтимоӣ ва саломатии мавсуф таваҷҷӯҳ намуд.
Лозим ба ёдоварист, ки тибқи супориши Раиси шаҳри Хуҷанд дар баробари дигар шахсони ниёзманд ва собиқадорони меҳнат, ба Ҳамроҳ Тоҳирова низ барои зимистон ангишти ройгон дода шуда, вазъи саломатии ӯ ҳамеша зери назорат гирифта шудааст. Собиқадори меҳнат Ҳамроҳ Тоҳирова, ки ба синни 91 расидааст, сипоси худро барои ғамхории пайваста ба Ҳукумати Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллӣ изҳор намуд.
Ба собиқадори меҳнат Ҳамроҳ Тоҳирова кӯмаки яквақтинаи маводи хӯрока ва тӯҳфаи солинавӣ супорида шуд.