(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раиси шаҳр ҷаласаи худро дар соҳили дарё гузаронд.Субҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар мавзеи варзишӣ ва истироҳатию фароғатӣ,ки дар назди кӯпруки «Ҷашнӣ» мавҷуд аст, ҷаласаи корӣ гузаронд. Дар кори ин ҷаласа роҳбарони соҳаи ободонӣ, муҳити зист, варзиш ва сайёҳӣ, заминсозӣ, идораи санитарию эпидемологӣ,сохтмонӣ-меъморӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва соҳибкорони дар ин мавзеъ  фаъолият дошта, ширкат намуданд.
Дар мавзеи мазкур чанд ошхона, нуқтаҳои хизматрасонӣ ва муассисаҳои варзишӣ ҷойгир шудааст. Ба истиснои варзишгоҳ ва майдончаҳои варзишӣ тамоми нуқтаҳои хизматрасонӣ ин макон мавсимӣ буда, дар фасли зимистон фаъолияти онҳо қатъ мегардад. Новобаста ба ин аз ҷониби Раҷаббой Аҳмадзода дастур дода шуд,ки соҳибкорон ва мутасддиёни соҳаи дахлдор, бояд мавзеи вобасташудаи худро обод нигоҳ доранд. Сардори идораи заминсозӣ, ободнӣ, меъморию шаҳрсозӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва сантираю эпидемологӣ вазифадор гаштанд,ки дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин бо иштироки сокинони маҳалла,варзишгарон ва идораҳои дахлдор барои истифодаи мақсадноки нуқтаҳои хизматрасонӣ, иншоотҳои варзишӣ ва гулгаштҳо чораҳои фаврӣ андешида ба мӯхлати 5 рӯз камбудиҳои ҷойдоштаро ислоҳ намоянд.