(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Татбиқи лоиҳа: Хизматрасонӣ беҳтар мегардадШаҳрвандони шаҳри Хуҷанд иттилоъ доранд, ки дар Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ» бо дастгирии Бонки Аврупоии таҷдил ва рушд лоиҳа оид ба коркарди партовҳои сахти маишӣ амалӣ мегардад.

Доир ба ин масъала дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии Раиси шаҳр Раҷаббой Каримов семинар-машварат баргузор гардид. Дар он намояндагони Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР), роҳбар ва коршиносони лоиҳа, ҳамзамон, намояндагони муассисаҳои ҳифзи муҳити зист, хизматрасонии нақлиёти санитарӣ, раисони кумитаи маҳаллаҳои шаҳр, роҳбарони минтақаҳои истифодаи манзил ва воситаҳои ахбори омма иштирок карданд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов дар бобати амалишавии лоиҳаи «Коркарди Татбиқи лоиҳа: Хизматрасонӣ беҳтар мегардадпартовҳои сахти маишӣ» сухан карда, дар асоси он беҳтаршавии вазъи партовҷойи шаҳр тарзи хизматрасонии муассисаи нақлиёти санитарӣ ҳарф зад.

Сардори амалисози лоиҳа Эбби Адҳамӣ дар хусуси нақш ва мақсади лоиҳа доир ба рушди муассисаи КВД «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ», инчунин, харидорӣ намудани таҷҳизотҳои махсус барои коркарди партовҳо, азнавсозии мавзеи партовҷойи асосӣ маълумот дод.

Роҳбари гурӯҳи мушовирон Адриан Джоллифф дар бобати пешравию муаммоҳои ҷойдошта дар рафти амалисозии лоиҳа, корҳои амалигардида давоми 6 моҳ сухан ронд.

Татбиқи лоиҳа: Хизматрасонӣ беҳтар мегардадҲуқуқшинос ва мушовири барнома Фирдавс Оқилов аз ҳамкории роҳбарону мушовирони лоиҳа бо аҳолӣ, воситаҳои ахбори умум, омӯзгорону толибилмон дабиристонҳои шаҳр ҳозиронро хабардор сохт.

Сардори намояндагони БАТР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Улф Хиндстром аз ҳамкориҳои худ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд сухан карда, изҳор дошт, ки аз соли 2004-ум дӯстии мустаҳкам дорем ва чанд лоиҳаро амалӣ сохтаем ва минбаъд низ амалӣ намуданием.

Дар ҷамъбасти семинар масъулини татбиқи лоиҳа ба саволҳои раисони кумитаи маҳаллаҳо ва намояндагони ВАО ҷавобҳои мушаххас доданд.