(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Ниҳолшинонӣ тибқи лоиҳа сурат мегирад.Дар маркази вилоят шаҳри Хуҷанд корҳои омодагӣ ба сабзу гулпӯш намудани кӯчаю хиёбонҳои шаҳр идома дорад.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳамроҳии роҳбарони мутасаддии соҳаи ободнӣ ва кабудизоркунӣ аз мавзеи кӯпруки марказии шаҳр дидан намуд.
Масоҳати умумии ду тарафи майдони шафати кӯпрук зиёда аз як гектар буда, солҳои охир чанд дарахту буттаҳои хушкидаи он намуди зоҳррии ин мавзеро коста намудааст.
Бо истифода аз мавсими корҳои ободонӣ ва ниҳолшинонӣ Раиси шаҳри Хуҷанд супориш дод, ки дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин нақша-лоиҳаи азнав сабзпӯш намудани майдони ин маҳалларо омода намуда, то фарорасии фасли баҳор корҳоро ба анҷом расонанд.
Барои омода намудани тарҳи азнавсозии майдони шафати купруки асосии шаҳри Хуҷанд мутахассисони идораи  кабудизоркунӣ, хоҷагию манзилӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ҷалб карда мешаванд. Раҷаббой Аҳмадзода таъкид намуд, ки ҳангоми омода намудани лоиҳа хусусияти ороишии ниҳолҳо ва гулҳоро ба инобат гиранд ва навъи интихобшудаи онҳо бояд дар тамоми фасли сол намуди ороишии худро гумм накунанд.
Ҳамчунин ба мутахассисони соҳаи гулпарварӣ супориш дода шуд, ки намуди зоҳирии дарахтонро ба таври хоса оро дода шаванд.