(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Дар шаҳри Хуҷанд маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз ёфт.Дар шаҳри Хуҷанд шурӯъ аз санаи 15 декабр маъракаи ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунии маркази вилоят оғоз мегардад. Дар асоси супориши Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода тамоми корхонаю муассисаҳо бояд ба ин мавсим иштироки фаъолона намоянд.
Дар ҷаласаи корӣ муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Иброҳим Иброҳимов ба Раҷаббой Аҳмадзода маълумот дод,ки дар асоси ин супориш то имрӯз ҳазор бех ниҳоли сӯзанбарги «Ардач» харидорӣ шуда, кормандони Раёсати ободонӣ ва хоҷагию коммуналӣ ва ҳамчунин идораи кабудизоркунӣ ба шинондани онҳо оғоз намудаанд. Ҳамзамон Раиси шаҳри Хуҷанд бобати харидорӣ намудани боз ҳазор бех дарахтони ороишӣ супориш дода таъкид намуд, ки корҳои ободонӣ ҳатман бояд зери назорати мутахассисон сурат гирад. Дастур дода шуд, ки бо истифода аз ҳавои бебориш намуди зоҳирии дархатони ҳамешсабзро ба тартиб ва оро додан лозим аст.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки аз 73 ҳазор пиёзакҳои тухмии гули лола 24 ҳазор донаи он дар марҳилаи аввал дар гармхонаҳои идораи кабудизоркунӣ ва гулпарварии шаҳр нашъунамо меёбанд.
Раиси шаҳри Хуҷанд дастур дод, ки бо назардошти он, ки таҷрибаи парвариши гулбуттаи «Ёси ҳиндӣ» дар шаҳр натиҷаи хуб дод, миқдори ин намуди гулбуттаи ороишӣ зиёд карда шавад.