(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Соли оянда дар шаҳри Хуҷанд «Соли гулкорӣ ва ободкорӣ дар маҳаллаҳо» эълон шуд.Бо ташаббуси Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода соли 2015 «Соли гулкорӣ ва ободкорӣ дар маҳаллаҳо»  эълон шуд. Вобаста ба ин масъала Раиси шаҳри Хуҷанд дар ҷаласаи кории худ ба муовинон ва мудирони шӯъбаҳои дахлдор супориш дод, ки нақша-чорабиниҳои мушаххасро таҳия намуда, корҳои гулзоркунӣ ва ободониро дар маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд пешбинӣ намоянд. Раҷаббой Аҳмадзода таъкид намуд, ки дар тамоми 22 маҳаллаҳои маркази вилоят бо иштироки фаъолонаи сокинони маҳалла таъмиру мумфаршкунии кӯчаҳо идома дода шуда, дар мавзеҳои оммавӣ,чойхонаҳо корҳои ободонӣ ва гулзоркунӣ вусъат дода шаванд.
Дар баробари ин Раиси шаҳр доири беҳтар намудани кору фаъолияти чойхонаҳо таъкид намуда, ба роҳбарони воҳидҳои сохтории Мақмоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд супориш дод, ки барои бунёди чойхонаҳо дар маҳаллахо ва хусусан дар маҳаллаҳои соҳили рости Хуҷанд чораҳои амалӣ андешанд.