(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Дар гармхонаҳои шаҳри Хуҷанд мавсими гулпарварӣ оғоз ёфт.Имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой  Аҳмадзода ба муассисаи кабудизоркунии шаҳри Хуҷанд омада бо корҳои  парвариши гулҳои ороишӣ харидории тухмии онҳо ва захира намудани ниҳолҳои сояафкан ошно гардид.
Ҳоло тибқи дастури Раиси шаҳри Хуҷанд аз оғози моҳи декабр парвариши гулҳои орошӣ ва тухмии онҳо дар гармхонаҳои муассисаҳои кабудизоркунӣ ва гулпарварии маркази вилоят шурӯъ гаштааст.
Бо ин мақсад дар муассисаи кабудизоркунӣ ва гулпарварии шаҳр 5 намуди гулҳо аз қабили садбаргҳои гуногунранг, мехчагул, гули бунафша ва ғайра ба миқдори умумии 5 ҳазор дона парвариш карда мешаванд.
Ҳамчунин Раиси шаҳри Хуҷанд аз гармхонаҳои муассисаи хусусии «Гулафшон» дидан намуда, аз рафти корҳои парвариши гулҳои ин коргоҳ изҳори қаноатмандӣ намуд. Дар гармхонаҳои шаҳри Хуҷанд мавсими гулпарварӣ оғоз ёфт.Кормандони муассисаи номбурда 25 намуди гулро ба миқдори умумии 350 ҳазор дона, барои гулпӯш намудани кӯчаю хиёбонҳои маркази вилоят дар фасли баҳори соли оянда омода намуда истодаанд.
Лозим ба ёдоварист, ки тибқи нақша соли оянда мавсими гулу ниҳолшинонӣ дар шаҳри Хуҷанд зиёда аз 1 миллион гулҳои орошии лола ва садбарг ва 10 ҳазор бех ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда шинонда хоҳад шуд. Барои иҷроиши нақшаи мазкур корхонаю муассисаҳо фаъолони маҳалла низ иштирок хоҳанд кард.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода таъкид намуд, ки баъди сафари кории Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба Ҷумҳурии Эрон  аз ин кишвар мутахассисони соҳаи гулпарварӣ ва ороишӣ гулҳо даъват шудаанд, ки таи чанд рӯзи охир бо гулправарони шаҳр ҳамкориро оғоз намуданд.