(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Иҷлосияи ғайринавбатии вакилони шаҳри Хуҷанд.Иҷлосияи нуздаҳуми ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд (даъвати IV)-ро Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода оғоз бахшид ва дар толор Суруди миллӣ танин андохт. Сипас, Раҷаббой Аҳмадзода маълум сохт, ки ба иҷлосия роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, мактабҳои миёнаи махсус, раисони кумитаи маҳаллаҳо, сохторҳои корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳр, намояндагони воситаҳои ахбори умум даъват шудаанд ва дар толор ҳозиранд.
Моддаи 13-уми Қонуни констутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ба мо имконият медиҳад, ки кори иҷлосияи нуздаҳуми ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати чорумро оғоз намоем - афзуд раисикунандаи иҷлосия. Мувофиқи тартиби баргузории иҷлосияи вакилони халқи Маҷлиси шаҳрӣ мо бояд котиботи иҷлосияро интихоб намоем.
Таклифи он ки Каримов Мансурҷон Ҳасанбоевич - вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии №1; Дадоҷонов Файзуллоҷон Қосимҷонович - вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии №7; Абдуқодирова Онаой Абдухалиловна - вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии №15 ба ҳайати котиботи иҷлосия интихоб шаванд вакилони халқ якдилона ҷонибдорӣ карданд.
Баъдан вакилон рӯзномаи иҷлосияро иборат аз cе масъала тасдиқ ва муҳокима намуданд.
Масъалаи якуми рӯзнома «Дар бораи таъин намудани интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум» муҳокима гардид. Раиси иҷлосия Раҷаббой Аҳмадзода Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки аз 5 декабри соли 2014, №306 «Дар бораи таъин намудани интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ба имзо расидааст, ба ҳозирин маълум сохт ва арз кард, ки  бо назардошти фармони мазкур лоиҳаи қарор таҳия шуда ба ҳозирин пешниҳод гардид.
Вакилон ба тарафдории тасдиқи лоиҳаи пешниҳодшудаи қарор овоз доданд.
Масъалаи дуюми рӯзнома «Дар бораи ташкили комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд» низ баррасӣ гардид.
Мутобиқи моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» комиссияҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии интихоботро ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, Маҷлисҳои дахлдори вакилони халқ бо назардошти пешниҳоди ҳизбҳои сиёсӣ дар ҳайати 11 нафар аъзои комиссия интихоб гардид.
Номзадҳои пешниҳодгардидаро вакилон бо овоздиҳии хеш тасдиқ намуданд.
Масъалаи сеюми рӯзнома «Дар бораи миқдори ҳавзаҳои ҳудудии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд» муҳокима гашт. Мутобиқи моддаи 7-ми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ба Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳр, ноҳия на бештар аз 40 ҳавзаи интихоботӣ ташкил карда мешавад. Аз ҳар ҳавзаи интихоботӣ як вакил ба Маҷлиси дахлдори вакилони халқ интихоб карда мешавад. Миқдори ҳавзаҳои интихоботиро барои интихоботи Маҷлисҳои маҳаллӣ вакилони халқ ба ҳадди меъёри муқарраркардаи ҳамин Қонун Маҷлиси дахлдор бо назардошти шумораи интихобкунандагон, ҳудуд ва шароити дигари маҳаллӣ муқаррар менамояд.
Оид ба масъалаи мазкур лоиҳаи қарор муҳокима ва Қарори дахлдор қабул гардид.
Раҷаббой Аҳмадзода дар фуроварди иҷлосия ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар шаҳри Хуҷанд ва бо мақсади таъмини омодагии ҷиддӣ ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ чораҷeӣ намуда, ба шахсони масъул вазифаҳои мушаххас дод.
Бо садо додани суруди миллӣ кори иҷлосия анҷом ёфт.