(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Муроҷиати зиёда аз 40 нафар сокинон ба Раиси шаҳр.Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта зиёда аз 40 нафар сокинони маркази вилоятро бо масалаҳои гуногун қабул намуд.
Шаҳрвандон асосан доири масалаи таъмини замини наздиҳавлигӣ, кӯмак барои таъмири хона, таъмини хобгоҳ ва чанде дигар масалаҳо бо дархост муроҷиат намуданд. Аз ҷумлаи муроҷиаткунандагон  сокини микроноҳияи 12 хонаи 36 ҳуҷраи 1 Азимҷон Юсуфов бо дархости расондани кӯмак барои муолиҷа, сокини микроноҳияи 33 хонаи 57, ҳуҷраи 29 бо дархости ҷойгир намудани кӯдакаш ба боғчаи бачагона, Зиёбоева Малика  барои таъмири боми манзилаш тибқи аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд ба роҳбарони воҳидҳои сохторӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.