(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таълимии кишвар тайи чанд сол аст, ки бо ташаббуси роҳбарияти Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ва бевосита бо дастгирии директори ин муассисаи таълими Алимат Мавлонзода якчанд адад маҳфилҳо ташкил карда шуданд, ки ин тадбир барои дарёфти истеъдодҳои нав ва тарбияву ба камол расонидани мутахасисони касбӣ мусоидат намуда, шавқу завқи донишҷӯёнро нисбат ба касби интихобкардаашон боз ҳам бештар менамояд.

Чун анъана дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд Озмуни "Маҳфили беҳтарин " баргузор гардид, ки аз дастовардҳои 19 маҳфилҳои илмии амалкунандаи ин муассисаи таълимӣ директори коллеҷ Алимат Мавлонзода ва ҳайати комиссияи озмун аз наздик шинос шуданд.
Тибқи талаботи озмун ҳар як маҳфил корҳои эҷодии аъзоёни маҳфилро ба маърази тамошо гузошта, онро муаррифӣ намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд 19 адад маҳфилҳои илмӣ, аз ҷумла “Ҳамдами бемор”, “Фаришта”, “Синапс”, “Тори анкабут”, “Забономӯз”, “Закариёи Розӣ”, “Ҳаёт ва табиат” ва ғайраҳо вобаста ба самтҳои фаъолияташон дар назди кафедраҳо амал мекунад, ки ҳар якеи он барои чуқуртар омӯхтани ихтисоси интихобкарда муосидат менамояд.
Бояд қайд намуд, ки донишҷӯён дар маҳфилҳои илмӣ аъзо гардида, барои амиқтар омӯхтани фанҳои алоҳида, омӯзиши асосҳои илмии фанҳои тахассусӣ ва интихобӣ, баланд бардоштани сатҳи муоширатнокӣ, мустаҳкамкунии донишҳои назариявӣ ва малакаҳои амалие, ки донишҷӯён дар мавриди омӯхтани фанҳои алоҳида азхуд намудаанд, омӯзиши кор карда тавонистан дар коллектив, ҳамчун мутахассис дар фаъолияти оянда, омӯзиши корҳои ҷустуҷӯӣ ва мустақилона, азбар намудани малакаи тартиб додани маърӯзаҳо, баромад кардан дар чорабинӣ ва ҷаласаҳои гуногунро азхуд менамоянд.
Фаъолияти намунавии маҳфилҳои Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд собит намудааст, ки донишҷӯёни алоҳида ба ихтирокорӣ машғул гардида, асарҳои эҷоди хешро дар озмунҳои шаҳрӣ, вилоят ва ҷумҳуриявӣ манзур намуда, бо ишғоли ҷойҳои ифтихорӣ, ҳавасманд низ гардидаанд.
Алимат Мавлонзода, зимни боздид аз намоиши дастоварди маҳфилҳои Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба роҳбарон ва аъзои маҳфилҳо дастур дод, ки бо мақсади омӯзиш, рушди илму техника ва саҳмгузорӣ ба он, пешниҳод ва идеяҳояшонро дар заминаи маҳфилҳо манзур намоянд ва он аз ҷониби роҳбарияти Коллеҷи тиббӣ дастгирӣ хоҳад ёфт. Ҳадафи ҳамагон боз ҳам амиқтар омӯзиши илму технология ва дарёфти роҳҳои азхудкунии донишҳои касбӣ мебошад. Ҳамчунин муаррифӣ ва тарбияву бакамолрасонидани соҳибистеъдодҳои нав мебошад.
Зикр гардид, ки рӯзҳои наздик озмуни “Маҳфили беҳтарин” натиҷагирӣ карда шуда, бетарин маҳфилҳо аз ҷониби роҳбарияти Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд қадршиносӣ хоҳанд шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд