(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори МТМУ №3-и шаҳри Хуҷанд тибқи нақша-чорабиниҳои муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва мақомоти ҳизи ҳуқуқу тартибот бахшида ба эълон гардидани Соли 2024-“Соли маърифати ҳуқуқӣ” мулоқоти намояндагони прокуратура ва милитсияи шаҳр бо волидайни хонандагони ин муассисаи таълимӣ баргузор гардид.

Сайвалӣ Яров, ёрдамчии прокурори шаҳри Хуҷанд мақсади баргузории вохӯриро иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» арзёбӣ намуда, доир ба ҷараёни татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” эълон гардидани соли 2024- “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, мубориза ва муқовимат бо экстремизм ва терроризм, пешгирии ҳамроҳшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва тарбия намудани насли наврасу ҷавон дар руҳияи худшиносиву меҳандӯстӣ изҳори андеша намуд.
Таъкид шуд, ки вазифаи падару модар муҳайё намудани шароити мусоид барои инкишофи мӯътадили ҷисмонӣ ва руҳии фарзанд, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ва пеш аз ҳама масъулият барои пешгирӣ ва роҳ надодан ба тамоми амалҳои ношоистае, ки фарзандонашон метавонанд аз беаҳмиятии онҳо содир намоянд. Маҳз дар натиҷаи ба воя расонидани фарзандони солимақл ва бедордил маънии зиндагии мо аён мегардад. Барои ба ин ҳадафҳо ноил шудан падару модаронро мебояд назоратро аз болои фаъолияту кирдорҳои фарзандон ҷиддӣ ба роҳ монанд. Чунки ҳангоми аз таълиму тарбия дур мондан кӯдак метавонад ба амалҳои ношоиста даст занад ва он ба оқибатҳои ногувор оварда расонад ва то ҳатто ояндаи худро зери хатар гузорад.
Дар ҷараёни мулоқот мудири бахши ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Абдувосит Ғафуров ва намояндаи шуъбачаи кор бо ноболиғони ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд Ганҷина Ғоибова низ баромад намуда, ҳадаф аз ташкили чунин мулоқотҳоро ташаккули асосҳои назариявии шуури ҳуқуқӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ, тафаккури ҳуқуқӣ, инчунин густариши ҷаҳонфаҳмии илмии ҳуқуқии шаҳрвандон ва дар ҳаёти ҳаррӯза татбиқ намудани талаботи ҳуқуқӣ арзёбӣ намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд