(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altСубҳи имрӯз як гуруҳ устодони Донишкадаи инноватсионии Душанбе таҳти роҳбарии муовини аввали ректори донишкада Абдуфаттоҳ Шарифзода бо мақсади омӯзиш ва таҷриба ба Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ташриф оварданд.

Меҳмонон зимни боздид аз дастовард ва пешравиҳои фаъолияти ин муассисаи олии кишвар аз наздик ошно шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои таълимӣ аз 5 ошёна, таҳхона, 67 синфхонаи таълимӣ, 8 озмоишгоҳи фаннӣ, 20 ҳуҷраи корӣ, 4 синфхонаи компютерӣ ва китобхона бо 4 ҳазору 200 китоби илмию бадеӣ, китобхонаи электронӣ бо 209 ҳазор китоб иборат мебошад.
Донишкадаи навтаъсиси илмҳои дақиқ ва технологияи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд имконият дорад, ки 2 ҳазору 600 нафар донишҷӯро ба таҳсили рӯзона ва фосилавӣ аз рӯи 21 ихтисоси замонавии ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ба таҳсил фаро гирад. Дар шафати бинои таълимӣ толори варзиш барои бозиҳои волейбол, баскетбол ва футболи хурд мавҷуд аст.
Донишкадаи мазкур дар заминаи эълони солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” баҳри омӯзиши мукаммали ин фанҳо, баланд бардоштани сифати таҳсилот, тавсеаи тафаккури техникии наврасону ҷавонон таъсис дода шудааст.
Истифодаи васеи тахтаҳои электронӣ, видеопроекторҳо ва дигар васоити муосири техникӣ дар ҷараёни таълим яке аз омилҳои самарабахшии дарсҳо мебошад. Донишкада дорои озмоишгоҳҳои муосири фаннӣ буда, барои таълиму омӯзиши фанҳои дақиқ ба таълимгирандагон беш аз 60 нафар омӯзгор, аз ҷумла профессорон, докторон, номзадҳои илм ва омӯзгорони ботаҷриба ҷалб карда шудаанд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҷараёни таълим дар донишкада пурра тариқи низоми кредитии таҳсилот ба роҳ монда шудааст. Барои омӯзиши таҳсилоти фосилавӣ барои донишҷӯёни хориҷа шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст.
Пояҳои моддиву техникии донишкада бо технологияҳои инноватсионӣ мустаҳкам буда, 140 адад компютер, 21 тахтаи электронӣ, 60 тахтаи синфӣ, 110 камераи назоратӣ, 21 проектор, 30 принтер, 20 ноутбук барои омӯзгорони ҷавон ва дигар воситаҳои таълимӣ аз шароиту имконияти муосир барои таҳким бахшидани таълиму тарбия мебошад. Ҷараёни таълим дар ҳамаи синфхонаҳо ва кабинетҳои фаннӣ назорат ва таҳлил карда мешавад.
Алҳол дар донишкада факултети фанҳои дақиқ ва технологияи инноватсионӣ, факултаи муҳандисӣ, бизнес ва идоракунӣ бо 4 кафедраи тахассусӣ ташкил гардида, кафедраи донишкадавии фанҳои гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ амал мекунад. Ҳамаи синфхонаҳо ва ҳуҷраҳои корӣ ба шабакаи баландсуръати интернет пайвастанд.
Меҳмонон ҳамзамон дар машғулиятҳои кушоди донишкада иштирок намуда, бо раванди таълиму тарбия ошно шуданд.
Таъкид шуд, ки донишкада бо муассисаҳои илмиву тадқиқотӣ, филиали Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Стансияи таҷрибавии хокшиносию мелиоративии Суғд, Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, муассисаҳои олии шаҳри Хуҷанд, Донишгоҳи давлатии шаҳри Гулистони Ҷумҳурии Узбекистон шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.
Интизор меравад, ки устодони Донишкадаи инноватсионии Душанбе бо дастовардҳои як қатор литсей ва мактабҳои олии шаҳри Хуҷанд дар доираи барномаи кории худ ошно хоҳанд шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд