(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altМулоқоти масъулин бо сокинони кӯчаҳои "Душанбе" ва "М.Бақоев"-и маҳаллаи "Тути калон" тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо усули "Кӯча ба кӯча" доир гардид.

Бояд қайд намуд, ки таҳти шиори “Пешравию ободии Ватан ҳадафи мост!” вохӯриву мулоқотҳо бо намояндаҳои сохторҳои мухталиф дар байни мардуми шаҳри Хуҷанд бо фаъолони кумитаи маҳаллҳо оид ба пешгирӣ намудани ҷавонон аз ҳаргуна корҳои номатлуб, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷроиши Қонунҳои амалкунанда “Дар бораи масъулияти падару модар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”, эҳтироми фарҳанги ниёгон, роҳ надодан ба бегонапарстӣ, тарзи дурусти истофодаи шабакаҳои иҷтимоӣ аз тарафи ҷавонон, тақлидкорӣ, сафари ҳаҷи умра, инчунин зиёрати ҳоҷиҳо ва дигар мавзӯъҳои мубрам бо маром идома дорад.
Дар мулоқот муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Ғайбуллозода Хайрулло, мудири шӯъбаи кор бо маҳал, кор бо ҷавонон ва варзиш, мақомоти корҳои дохилӣ ва Кумиҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд иштирок ва суханронӣ намуданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд