(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altШуруъ аз 23 апрел Маҷмааи фарҳангиву таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дари худро барои сокинону сайёҳон боз менамояд. Шаҳрвандон метавонанд аз Қалъаи Хуҷанд боздид кардаву истироҳат намоянд.

Бояд гуфт, ки Маҷмааи фарҳангиву таърихии «Қалъаи Хуҷанд» чанд рӯз қабл бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардида буд.
Қалъаи Хуҷанд ба ҳайси истеҳкоми боэътимод, ки таърихи се ҳазорсола дорад, бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд эҳё ва барқарор карда шуд.
Барои шаҳрвандони хориҷӣ: 100 сомонӣ (сад сомонӣ), барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 сола боло 30 сомонӣ (сӣ сомонӣ), барои то 16 солаҳо 10 сомонӣ (даҳ сомонӣ) барои кӯдакони томактабӣ ройгон. Ҳамчунин тибқи талаботи қонунгузорӣ барои ашхоси имтиёздор низ хизматрасонӣ ройгон ба роҳ монда шудааст.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд