(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии хонандагон ва омӯзгорон дар Муассисаи давлатиии мактаб барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд бахшида ба 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2024-ро Соли маърифати ҳуқуқӣ ҳамоиш баргузор гардид.

Дар ҳамоиш маърӯза, викторина ва шеъру гуфторҳо доир ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ аз ҷониби хонандагон пешниҳод карда шуд.
Таъкид шуд, ки Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз солҳои аввали истиқлоли давлатӣ ба ин самт, яъне баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, чандин қонун ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҳама муҳим- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ватандӯстии шаҳрвандон»-ро қабул намудааст, ки маҳз ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ нигаронида шудаанд.
Қабул ва амалисозии ин санадҳои олии ҳуқуқӣ яке аз қадамҳои муҳиму умедбахш дар роҳи фароҳам овардани заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ба маҷрои бонизом ва ояндадор равон намудани ҷомеа ба ҳисоб меравад. Аз ҷониби дигар, масъулиятшиносии шаҳрвандони мамлакат боло рафта, метавонанд бо таҳаммулпазирӣ ва сатҳи баланди маърифатнокӣ дар рушду пешрафти давлат ва тарбияи ҷавонони даврони соҳибистиқлолӣ саҳм гузоранд.
Барномаи фарҳангии ватандӯустона ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.
Намояндаи шуъбаи маорифи шаҳр ва маъмурияти муасисаи таълимӣ ба сатҳи баргузории чорабинӣ ва иштироки фаъолонаи муҳассилин баҳои баланд додаанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд