(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДушанбе рамзи муқаддаси давлатдорӣ ва симои Тоҷикистони соҳибистиқлол аст

Ба Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ

Муҳтарам Рустам Эмомалӣ,

Бо арзи эҳтиром Шумо ва дар шахсияти Шумо тамоми сокинони пойтахти Ватани маҳбубамон шаҳри Душанберо бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд самимона табрику муборакбод мегўям.

Ватани азизу давлати обод ва миллати сарбаландамон ифтихорманд аз онанд, ки имрӯзҳо таҳти роҳбарӣ ва раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти басо мушкилу печидаи сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеаи ҷаҳонӣ қадамҳои устувор, умедбахш ва ояндасоз ниҳода, дар тамоми ҷодаи хоҷагии халқи ҷумҳурӣ муваффақиятҳоро ба даст оварда истодаем.
Дар таърихи ҳар халқу миллат пойтахт дар самти рушду такомули давлатдорӣ, пешрафти ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии он нақши калидӣ мебозад. Дар ин раванд, шаҳри Душанбе ҳамчун маркази давлати соҳибистиқлоли тоҷикон рисолати хешро дар бобати рушди самтҳои мухталифи ҳаёти мамлакат муваффақона иҷро мекунад.
Қобили зикри махсус аст, ки солҳои охир пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе маҳз бо ташаббусу ғамхории Ҳукумати кишвар ва азму талоши Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар байни шаҳрҳои минтақа тадриҷан мақому манзалати миллӣ ва ҷойгоҳи шоистаи худро пайдо карда, айни замон ба яке аз шаҳрҳои сабзу хуррам, ободу зебо ва рушдёбанда табдил ёфтааст.
Дар ин муддати начандон тӯлонӣ эъмор гардидани садҳо корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустиву фарҳангӣ, боғу гулгаштҳо, иншооту биноҳои замонавии маъмуриву хизматрасонӣ ва марказҳои бузурги тиҷоратӣ ба симои шаҳри Душанбе ҳусни тоза зам намуданд.
Мо ҳамрӯза эҳсос менамоем, ки тадбирҳои созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти шаҳри Душанбе дар роҳи таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоии пойтахт некбинона арзёбӣ гардида, барои дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷудаи пойтахти мамлакат ва таҳияи нақшаю барномаҳои наву муосири таъминкунандаи пешрафту тараққиёти бемайлони он дар оянда шароити созгор пайваста чораҷӯйиҳо андешида мешавад.
Имрӯз шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва маркази илму фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик боиси ифтихори хурду бузурги мамлакат мебошад ва бурду бохти он на танҳо ба сокинони пойтахт, балки ба кулли мардуми кишвар тааллуқ дорад.
Миллати тамаддунсози мо дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи худ фарҳанги ғаниву рангини маънавию моддӣ, афкори камназири фалсафӣ, адабиёти оламшумул, санъати нодири шаҳрсозӣ ва ҳунармандиву меъмориро ба вуҷуд оварда, ба ганҷинаи тамаддуни башар саҳми басо арзишманд гузоштааст.
Мо аз таърихи пурифтихори халқамон хуб медонем, ки амалҳои созандаву бунёдкорона ва эҷодкориву офарандагӣ фазилати муҳимтарину хосаи миллати тоҷик буда, ҳунару санъати шаҳрсозиву шаҳрдории тоҷикон аз умқи асрҳо сарчашма мегирад.
Душанбе рамзи муқаддаси давлатдорӣ ва симои Тоҷикистони соҳибистиқлол аст, ки фарзандони бонангу номуси он ин симоро ҳамеша поку равшану беғубор нигоҳ дошта меоянд.
Дар ҷаҳон пойтахтҳои зебову маҳбуб хеле зиёданд, вале барои мо – тоҷикон, табиист, ки пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе аз ҳама зеботару маҳбубтар аст.
Дар ин росто, шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти давлати тоҷикон 100 сол аст, ки арзи ҳастӣ дошта, ҳамчун мавзеи куҳанбунёд ва дар айни замон ҷавон дар радифи шаҳрҳои бостониамон дар ҳаёти мардумамон нақши муассир гузоштааст.
Боиси ифтихору сарфарозист, ки ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел дар мамлакат Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе таҷлил мегардад.
Ба ин муносибат, кулли мардуми тоҷик ва бахусус сокинону меҳмонони шаҳри зебои Душанберо бо ин санаи фархунда самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар як сокини пойтахт суботу оромӣ, файзу баракат ва ба шаҳри ҳамешасабзамон пешрафту ободии боз ҳам бештар орзу менамоям.
Итминони комил дорам, ки боғшаҳри кишварамон рисолати муттаҳидсозии миллатро идома дода, ба маркази ҳамешагии сулҳу ваҳдат, илму фарҳанги тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон табдил хоҳад ёфт.
Поянда бод Душанбе – шаҳри умеду ормонҳо ва ягонагиву ваҳдати мардуми Тоҷикистон ва тоҷикони тамоми ҷаҳон!