(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар Коллеҷи тиббии ба номи Юсуфхон Исҳоқии шаҳри Хуҷанд бо мақсади арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, эҳсоси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, тарғиби либосҳои миллии мардумӣ, пешгирии тамоюли бегонапарастӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ бо иштироки донишҷӯён ва омӯзгорон ҳамоиши «Тоҷикона мепӯшем!» баргузор гардид.

Тибқи иттилои манбаъ, баҳри арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ, анъанаҳои неки аҷдодӣ, махсусан либоси миллӣ, атласу адрас, чакан, баланд бардоштани фарҳанги либоспӯшӣ, таблиғу ташвиқи либоси миллӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ ҳамоиши «Тоҷикона мепӯшем!» то охири моҳи апрел гузаронида мешавад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд