(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБо мақсади татбиқи сиёсати давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид оид ба эълон гардидани "Соли 2025 - соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо" ва омодагӣ ба 35 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Хуҷанд Озмуни шаҳрии "Пирях- манбаи оби ширин" баргузор гардид.

Таъкид шуд, ки ҳадаф аз баргузории озмуни шаҳрии "Пирях - манбаи оби ширин: Дар зеҳни кӯдакон тақвият додан роҷеъ ба масъалаи истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, махсусан масъалаҳои истифодаи самараноки захираҳои обӣ, дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ, баланд бардоштани маърифати хонандагон дар мавриди пиряхҳои Тоҷикистон, сабабҳои тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба муҳити зист, муайян ва дастгирӣ кардани хонандагоне, ки майл ба фаъолияти тадқикотӣ оид ба муҳити зист ва ташаккули тарбия ва маърифати экологии хонандагон мебошад.
Иштирокчиёни озмуни даври шаҳрӣ аъзои маҳфилҳои табиатдӯстони ҷавон ва дигар иттиҳоҳияҳои экологӣ, ки дар муассисаҳои таълимӣ сабақ омӯхтаанд, ба шумор мераванд.
Озмун аз рӯи шартҳои зерин гузаронида шуд:
1. "Беҳтарин видеоролик" видеороликҳо, клипҳои начандон калон - суҷетҳои кӯтоҳ қабул карда мешавад. Аз рӯи идея онҳо бояд ба роликҳои иҷтимоӣ наздик бошанд, яъне аҳолиро барои иҷро кардан ва ё иҷро накардани ягон амале водор созанд.
2. "Кори меъмории беҳтарин"-ро дар самтҳои гуногун иҷро кардан мумкин аст: доир ба мавзӯъҳои "Пирях манбаи оби ширин", "Тағйирюбии иқлим ва таъсири он ба муҳити ҳист", "Об манбаи ҳают" ва "Роҳҳои пешгирии тағйирёбии иқлим"
3. Ҳимояи рисолаву рефератҳо дар варақаҳои чопӣ доир ба мавзӯи "Соли 2025 - соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо қабул карда мешавад.
4. Расми беҳтарин намоиши расмҳо ва кашидани расм дар мавзӯи " Пирях - манбаи оби ширин"
Ғолибони озмун ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд