(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар МТМУ №15-и шаҳри Хуҷанд даври мактабии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор гардид. Озмуни мазкур аз рӯйи ҳафт номинатсия-математика, физика ва астрономия, химия, биология, география, технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ гузаронида шуд.

Таъкид шуд,ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) ва рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт гузаронида мешавад.
Сипас беҳтаринҳо ба даври шаҳрии озмун роҳхат гирифтанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд