(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altОзмуни мазкур дар МТМУ №18-и шаҳри Хуҷанд дар сатҳи зарурӣ баргузор гардид. Озмун аз рӯйи ҳафт номинатсия- математика, физика ва астрономия, химия, биология, география, технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ гузаронида шуд.

Тавре, ки зикр гардид, ин озмун соли чорум аст дар Тоҷикистон таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад.
Дар ҳақиқат илм пайроҳаи чароғи зиндагӣ, падидаи неки манзалати инсонҳо ва муқаддастарин маърифати зиндагии башарият мебошад. Маҳз илм ба зиндагии мо дар рӯи Замин равшанӣ андохта, маънии ҳаётро аз ҳама ҷониб тасниф менамояд. Донишу маърифат то имрӯз барои аҳли башар самараи хубе фароҳам овардаву минбаъд низ фароҳам меоранд. Азамату бузургии адабиёти миллати тоҷик маҳз аз донишу маърифат сарчашма мегирад, зеро дониш ва илму ҳикмат зулмату торикӣ ва решаҳои нодониро аз байн мебаранд. Мақому мартабаи донишманд ба қадре баланд аст, ки соҳиби онро дар тамоми олам, новобаста аз ҷову маконаш муҳтарам ва азиз дониста, қадрдонӣ мекунанд.
Сипас беҳтаринҳо ба даври шаҳрии озмун роҳхат гирифтанд.
Имрӯзҳо дар тамоми муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд даври мактабии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуда истодааст.
Озмуни мазкур дар МТМУ №18-и шаҳри Хуҷанд дар сатҳи зарурӣ баргузор гардид. Озмун аз рӯйи ҳафт номинатсия- математика, физика ва астрономия, химия, биология, география, технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ гузаронида шуд.
Тавре, ки зикр гардид, ин озмун соли чорум аст дар Тоҷикистон таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад.
Дар ҳақиқат илм пайроҳаи чароғи зиндагӣ, падидаи неки манзалати инсонҳо ва муқаддастарин маърифати зиндагии башарият мебошад. Маҳз илм ба зиндагии мо дар рӯи Замин равшанӣ андохта, маънии ҳаётро аз ҳама ҷониб тасниф менамояд. Донишу маърифат то имрӯз барои аҳли башар самараи хубе фароҳам овардаву минбаъд низ фароҳам меоранд. Азамату бузургии адабиёти миллати тоҷик маҳз аз донишу маърифат сарчашма мегирад, зеро дониш ва илму ҳикмат зулмату торикӣ ва решаҳои нодониро аз байн мебаранд. Мақому мартабаи донишманд ба қадре баланд аст, ки соҳиби онро дар тамоми олам, новобаста аз ҷову маконаш муҳтарам ва азиз дониста, қадрдонӣ мекунанд.
Сипас беҳтаринҳо ба даври шаҳрии озмун роҳхат гирифтанд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд