(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt30 дона тухм 27 сомонӣ, як кило пиёз 1 сомонию 50 дирам, як кило гӯшти гов 50 сомонӣ, гӯсфанд 60 сомонӣ, 5 литр равған 60 сомонӣ, 10 кило орд 50 сомонӣ, як кило макарон 9 сомонӣ, як кило биринҷ 15 сомонӣ, як кило шакар 9 сомонӣ дар Ярмарка – фурӯш пешниҳоди сокинон гардид.

Cубҳи имрӯз чун анъана бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи озуқаворӣ ташкил карда шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ боздид намуданд.
Бояд қайд намуд, ки дар ярмарка фаровонии маҳсулот ба мушоҳида мерасид. Нархи 30 дона тухм 27 сомонӣ, як кило пиёз 1 сомонию 50 дирам, як кило гӯшти гов 50 сомонӣ, гӯсфанд 60 сомонӣ, 5 литр равған 60 сомонӣ, 10 кило орд 50 сомонӣ, як кило макарон 9 сомонӣ, як кило биринҷ 15 сомонӣ, як кило шакар 9 сомонӣ, як кило картошка 3 сомонию 50 дирам, як кило бодаринг 10 сомонӣ ва ғайраҳо арзиш доштанд.
Бояд зикр намуд, ки ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳатӣ дар шаҳри Хуҷанд ташкил намудани ярмарка бо мақсади пешгирии баландшавии арзиши маҳсулотҳои хўрока ба ҳукми анъанаа даромадааст.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд