(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altИмрӯз бо ибтикороти Муассисаи давлатии "Планетерияи ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ"-и назди Раёсати маорифи вилоят дар Муассисаи давлатию фарҳангии ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ баҳри амалинамоии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф" бахшида ба Рӯзи кайҳоннавардон, 90-солагии нахустин кайҳоннаварди олам Юрий Гагарин ва "100-солагии таъсисёбии нахустин Планетарий дар олам" дар асоси фармоиши Раёсати маорифи вилоят бахшида ба "Рӯзи кайҳоннавардон", дар ҳамкорӣ бо Раёсати маорифи вилоят ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд озмуни вилоятии "Кайҳон аз нигоҳи ман" натиҷагирӣ карда шуд.

Бояд қайд намуд, ки озмуни мазкур аз рӯи 5 шарт:
-тасвирофарӣ ва расмкашӣ дар мавзуъи "Кайҳон аз нигоҳи ман" байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ, аъзоёни маҳфилҳои мактабҳои рассомӣ;
-расмкашӣ дар рӯи мумфарш(асфалт) байни тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ(боғчаҳо);
- газетаи деворӣ дар мавзуи "Кайҳон аз нигоҳи ман", "Илми афлок", "Юрий Гагарин"
-моделсозӣ(моделҳои ҳаракаткунанда аз ҷумла: ракетаҳо, самолёт, морсоход, лунаход, тайëра ва ғайраҳо) байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва аъзоёни маҳфилҳо;
- ихтироъкорӣ(роботтехникӣ, авиомоделӣ, радиотехникӣ, моликияти зеҳнӣ ва тамоми намуди ихтироъкориву навоварӣ) байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ сурат гирифт.
Ҷоиз ба зикр аст, ки дар даври вилоятии озмун беш аз ҳазор нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуда, беш аз 200 нафар хонандагон ғолиби озмун гардида, соҳиби диплому Ифтихорномаҳо гардиданд.
Ҳамчунин дар доираи чорабинии мазкур 35 нафар ғолибони озмуни байналмилалии "Бо роҳи ситорахо" аз ҷониби Раёсати маорифи вилоят қадршиносӣ карда шуданд. Аз рӯйи ишғоли мақомҳои ифтихорӣ шаҳру навоҳии Хуҷанд, Гулистон, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Ашт, Деваштич, Спитамен ва Ҷаббор Расулов дар бахшҳо озмун бештарин ҷойҳоро сазовор гардиданд.
Ҳамзамон 40 нафар омӯзгорони хонандагони ғолиб низ қадршиносӣ карда шуданд. Дар озмун намояндаи Раёсати маорифи вилояти Суғд Гулсара Тошматова, Раиси Кумитаи иҷроияи Хизби халк- демократии шаҳри Хуҷанд Мунзифа Пӯлотова ва директори МДТ “Планетарияи ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ” Фирдавс Ашӯрматов иштирок ва суханронӣ намуданд.
Аз ҷониби раёсати Кумиҷроияи Ҳизби халқӣ- демократӣ дар шаҳри Хуҷанд ба бахши расм дар рӯи мумфарш иловатан туҳфаву ҷоизаҳо супорида шуд.
Барномаи рангини фарҳанги аз ҷониби тарбиятгирандагони кӯдакистони Президентӣ, хонандагони Мактаби Президентӣ ва муассисаҳои таълимии томактабии ноҳияи Ҷаббор Расулов ба чорабини шукӯҳи дигар бахшид.
Намоиши корҳои эъҷодиву дастӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо нақшофарӣ дар мавзуъи "Кайҳон аз нигоҳи ман" аз намуди ҳунарҳои сӯзанидузӣ, қуроқдӯзи, зардӯзӣ, гулдӯзӣ, кашидадӯзӣ, қолинбофӣ, бофандагӣ, тарроҳии либосҳои афсонавӣ чорабиниро рангин намуд.