(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар толори Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукуҳӣ Фестивали ҷумҳуриявии "Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон таҳти унвони"Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст" ҷамъбаст гардид.

Дар фестивал мутахассиси пешбари маркази илмӣ -методии Раёсати фарҳанги вилояти Суғд Фароғат Усмонова, адиби бачагон Саиднабӣ Наҷимӣ, сармуҳаррири радиои “Замон” Абдуҳамид Ҷӯраев, мудирони китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят, омӯзгорон ва толибилмони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Хуҷанд, донишҷӯёни факултети санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, шӯъбаи китобдорӣ, дастпарварони мактабҳои санъати 1,2 шаҳри Хуҷанд, донишҷӯёни Коллеҷи санъати шаҳри Хуҷанд ба номи Содирхон Ҳофиз, тарбиятгирандагони кӯдакистони № 12 шаҳри Хуҷанд иштирок доштанд.
Меҳмононро дар даромадгоҳи китобхона дастпарварони мактаби мусиқии № 2 шаҳри Хуҷанд бо садои доира самимона пешвоз гирифтанд. Директори Китобхона Муаззам Муродзода ба фестивал ҳусни ифтитоҳ бахшида мақсаду мароми он ва ҳафтаи сипаришударо таҳлилу баррасӣ намуд. Гулчини дастагул иборат аз шеъру суруд ва рақсу тарона аз ҷониби хонандагони МТМУ №3 ва ғолибони панҷ наминатсияи озмунҳои фестивал, хонандагони фаъоли китобхона, тарбиятгирандагони кӯдакистони №12-и шаҳри Хуҷанд ва дастпарварони мактабҳои санъати шаҳру Коллеҷи санъати шаҳри Хуҷанд пешкаши ҳозирин гардид. Адибон дар баромади худ хонандагонро ба китобу китобхонӣ даъват намуданд. Дар ҷамъбаст иштирокчиёни фаъоли фестивал бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Зикр гардид, ки як ҳафтаи фестивал, як ҳафтаи фараҳбахш буда то дер дар дилу дидаи ҳамагон боқӣ хоҳад монд.