(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Бо кӯмаки шаҳрдори Хуҷанд саломатии шаҳрванд барқарор шуд.Сокини шаҳри  Хуҷанд Байтулло Хоҷаев аз овони кӯдакӣ аз бемории пой ранҷ мекашид. Барои халосӣ аз ин беморӣ то ба имрӯз се маротиба ҷаррохӣ  гардидааст. Бо тавсияи мутахассисон ҷаррохии ӯ якмаротиба дар шахри Санкт Питербург низ анҷом додааст, лекин бо гузашти муддате беморӣ аз нав авҷ мегирифт.
Бо шиддат гирифтани бемориаш номбурда мачбур гардид, ки бори дигар чаррохи намояд.
Барои ҷарроҳӣ бошад зарурати даъвати мутахассис аз Федератсияи Россия ба миён омад,ки он хароҷоти иловагиро талаб менамуд.
Бо мақсади расондани кӯмак барои анҷом додани ин ҷарроҳӣ Байтулло Хоҷаев ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд муроҷиат намуд. Барои қисман пӯшондани хароҷоти ҷарроҳӣ бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз буҷаи маҳаллӣ 16 750 сомонӣ ҷудо гардид. Алҳол баъди ҷарроҳии муваффақона номбурда дар марҳилаи шифоёбист ва итминон дорад баъди барқарории саломатиаш назди пайвандони худ баргардад.