(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар маҳаллаи “Бофанда”-и шаҳри Хуҷанд боз як муассисаи муосир клиникаи оилавии ҶДММ 1+1 бо фарогирии беҳтарин шароити хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мавриди баҳрабардории умум қарор дода шуд.

Дар маросими ифтитоҳи он Ҷамолиддин Абдуллозода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари гурўҳи корӣ дар шаҳри Хуҷанд оид ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Анвар Яъқубӣ, муовини Раиси вилояти Суғд ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ширкат варзиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки клиникаи муосири оилавии 1+1 бо дастгирии соҳибкори маҳаллӣ Хуршед Носиров ва иқдоми табиби ҷавон Абдуҳафиз Шукуров дар ҳамкорӣ бо шарикон аз Федератсияи Русия таъсис дода шуда, ҳадаф пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар шаҳри Хуҷанд мебошад.
Зикр гардид, ки дар натиҷаи дастгирии ҳамаҷониба ва ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон феълан фаъолияти соҳаи тандурустӣ дар шаҳри Хуҷанд рӯ ба рушд ниҳода, зимнан пешрафти тибби хусусӣ низ бараъло ба мушоҳида мерасад. Барои сохта ба истифода додани ҶДММ 1+1, ки муштаракан бо мутахассисони барҷастаи соҳаи тиб аз Федератсияи Россия фаъол карда шуд, зиёда аз 6 миллион сомонӣ сармояи дохилӣ сарф шудааст. Дар ин муассисаи замонавии тиббӣ 50 нафар мутахассисон бо кори доимӣ таъмин шуданд. Дар ин марказ дастгоҳу таҷҳизоти пешрафтаи соҳавӣ аз хориҷи мамлакат ворид карда шудааст. Иншоот аз 28 ҳуҷра иборат буда, он дорои 16 кат мебошад. 8 ҳуҷраи муолиҷаву муоинаи беморон бо тамоми шароит фаъолият карда, ба беморон беҳтарин мутахассисони равияи гуногуни тиббӣ хизмат мерасонанд. Ҳуҷраи физиодармонӣ бо панҷ дастгоҳи замонавӣ ҷиҳозонида шудааст. Табобат бо усулҳои пешрафта, аз қабили табобати лазерӣ, электротерапия, муоинаҳои ренгенӣ ва ғайрахо сурат гирифта, бемориҳои занонаву кӯдакона, дандонпизишкӣ, урологӣ, касалиҳои дил, асаб, бемориҳои чашм, гӯшу гулу ва бинӣ ва ғайрахо дар клиникаи оилавии 1+1 ба муоинаву муолиsа фаро гирифта мешаванд.
Дастандаркорони ин иқдом ташаббуси бунёди марказро идомаи тадбирҳои созандагӣ ба муносибати пешвози сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод карда, фаъол гардонидани маркази тиббии хусусиро самари дастгириҳои роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд.
Ҷамолиддин Абдуллозода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари гурўҳи корӣ дар шаҳри Хуҷанд оид ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои чунин иқдоми созанда ба муассис ва ташаббускорон изҳори миннатдорӣ намуда, баҳри баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар маркази табобатӣ дастуру супоришҳо дод.
Бояд қайд намуд, ки дар шаҳри Хуҷанд бо фаъол гардидани клиникаи оилавии ҶДММ 1+1 теъдоди муассисаҳои тибби хусусӣ ба 107 адад расид.
Ин имконият бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи бахши хусусӣ роҳандозӣ гардида, хизматрасонии тиббӣ ба аҳолиро беҳтар намуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд