(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо мақсади оммавӣ гардонидани варзиш, бахусус бозии намуди баскетбол, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, ҷалби васеи ҷавонон, аз ҷумла духтарон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба баскетбол баргузор гардид.

Мусобиқа тибқи нақшаи якҷояи бахши кор бо ҷавонон ва варзиш шаҳри Хуҷанд, шуъбаи маорифи шаҳр ва федератсияи баскетбол доир гардида, дар он зиёда аз 240 нафар ҷавонписарони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар ҳайати 24 даста ва зиёда аз 100 нафар ҷавондухтарони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар ҳайати 12 даста байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Мусобиқа байни писарон санаҳои 15-29 феврал дар 4 гурӯҳ ва байни духтарон аз 11-уми март то 4-уми апрел дар 2 гурӯҳ гузаронида шуд.
Марҳилаи аввали мусобиқа дар ду минтақаи соҳили рост ва соҳили чап гузаронида шуда, бозиҳои финалӣ дар толори варзишии Муассисаи давлатии таълимии Мактаб барои хонандагони болаёқати шаҳр баргузор гардид.
Дар натиҷа байни духтарони муассисаҳои таълимӣ сазовори ҷойи 1 дастаи МТМУ№31, ҷойи дуюм дастаи Мактаби русии ба номи Чехов ва ҷойи сеюмро дастаи МТҒ ба номи Ё.В.Гете ва Гимназия №1 сазовор гардиданд.
Байни писарон сазовори ҷойи якум дастаи Мактаби ба номи Чехов, ҷойи 2 дастаи МТҒ ба номи Ё.В.Гете ва ҷойи 3 насиби Гимназияи №13 ва МТМУ №20 гардиданд.
Дар Маросими ҷамъбастии мусобиқа таъкид гардид, ки соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар маҳсуб ёфта, он маҳз ба хотири таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат намудан ба омодакунинии варзишгарони касбии тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Туфайли дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгарони мамлакат дар мусобиқаҳои дохиливу байналмилалӣ фаъолона ширкат намуда, шараф ва нуфузи кишвари соҳибистиқлоли моро баланд мебардоранд.
Машғул шудан бо варзиш, бахусус бозии навъи баскетбол ба ҷавонон имконият медиҳад, ки доимо солиму бардам ва руҳану ҷисман қавӣ бошанд, ба сӯи музаффаричтҳои навин қадамҳои устувор гузоранд.
Дар охир ғолибону ҷоизадорон бо ҷом, диплом, медал ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд