(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар остонаи Иди саиди Фитр ба манзили якчанд нафар камбизоатон ва маъюбони шаҳр рафта, онҳоро аёдат намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни аёдати сокини маҳаллаи “Қорираҳмат Қурбонов”, маъюби гуруҳи якум Зӯҳро Шукурова, бошандагони маҳаллаи “Масчиди Савр” собиқадори меҳнат, бонуи 100 сола Саноат Қурбонова, иштирокчии сохти конститутсионӣ Ёқуб Абдураҳмонов, истиқоматкунандагони маҳаллаи “Сирдарё”, шахси яккаву танҳо Раиса Шабаева ва маъюби гуруҳи якум Дилбар Ғаниева таъкид дошт, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иҷрои аъмоли шоистаи инсонӣ, аз ҷумла кумаку дастгирӣ ба ятимону маъюбон, ниёзмандону камбизоатҳо, аёдати падару модарон ва калонсолон ҳамешагӣ анҷом дода мешавад. Худи ҳикмати моҳи Рамазон ҳамдигарфаҳмиву иттиҳоди аҳли ҷомеа ва густариши арзишҳои неку созандаи ахлоқиву маънавӣ, аз ҷумла эҳтирому самимият ва ҳамгироиву таҳаммулгароӣ дар миёни одамон мебошад.
Аёдатшудагон сокини маҳаллаи “Қорираҳмат Қурбонов”, маъюби гуруҳи якум Зӯҳро Шукурова, бошандагони маҳаллаи “Масчиди Савр” собиқадори меҳнат, бонуи 100 сола Саноат Қурбонова, иштирокчии сохти конститутсионӣ Ёқуб Абдураҳмонов, истиқоматкунандагони маҳаллаи “Сирдарё”, шахси яккаву танҳо Раиса Шабаева ва маъюби гуруҳи якум Дилбар Ғаниева аз ин иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд изҳори миннатдорӣ намуда, баҳри оромиву ободии Ватан, шукуфоии Тоҷикистони маҳбубамон дуои хайр намуданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд