(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ширинӣ, гӯштӣ, обҳои ташнашикан ва дигар маводи ниёзи аввалия ба муносибати Иди саиди Фитр баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид аз ярмарка ба масъулини дахлдор ҷиҳати боз ҳам фаровон намудани ин тадбири муҳими аҳамияти иҷтимоидошта дастуру супоришҳои мушаххас дод. Ҳамзамон таъкид шуд, ки бояд нархи фурӯши маҳсулот аз бозор 10-20 фисад арзон бошад. Таваҷҷуҳи бештар ба афзун намудани номгуйи маҳсулоти ниёзи аввалия карда шуд, то ин, ки дастархонаи идонаи мардум бо нархҳои дастрас таъмин карда шавад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар назди харидорон ва фурӯшандагон таъкид намуд, ки ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ширинӣ, гӯштӣ, обҳои ташнашикан ва дигар маводи ниёзи аввалия дар остонаи Иди саиди Фитр тибқи дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади фаровон ва ғанӣ намудани хони идонаи мардум сурат гирифта, чун анъана минбаъд ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳатӣ ташкил карда мешавад.
Бояд қайд намуд, ки нархи як халта орди 50 килоӣ 250 сомонӣ, як кило гӯшти гов 50 сомонӣ, як кило картошка 3,5 сомонӣ, як кило биринҷ 12 сомонӣ, як кило сабзӣ 1,5 сомонӣ ва ғайра арзиш дошт. Маҷмуъан хоҷагиҳо кишоварзии вилоят беш аз 150 тонна маҳсулот пешкаш намуда буданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд