(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Рӯзи Парчами давлатӣ дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТБахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ бо иштироки устодону донишҷӯёни Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи Давлатии Тиҷорати Тоҷикистон чорабинии илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Чорабиниро ҷонишини директор оид ба тарбия ва рушди ҷавонон, дотсент Гулчеҳра Аҳророва ҳусни оғоз бахшид.
Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Муяссара Мавлонова паёми табрикотии Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзодаро ба ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён расонд.
Мудири кафедраи ҷомеашиносӣ, номзади илми фалсафа, дотсент Фаррух Турсунов дар мавзӯи «Парчам-рамзи ободиву осоиштагӣ» маърӯзаи илмӣ намуда, ҳамзамон оиди таърихи қабули Парчами давлатӣ маълумот доданд. Дар қисмати фарҳангӣ бошад донишҷӯён барномаи фарҳангии худро бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ пешкаши меҳмонон, омӯзгорону ва донишҷӯён намуданд.