(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altҶиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 29 марти соли 2024 дар Муассисаи давлатии фарҳангии Боғи Камоли Хуҷандӣ Фестивали вилоятии "Сад ранги чакан" баргузор гардид.

Дар фестивали мазкур аз шаҳри Хуҷанд тарроҳон иштирок карда, аз рӯи се бахш мақомҳои якумро ба даст оварданд.
Ҳамин тавр, дар бахши "ЛИБОСИ РӮЗМАРРА" Нигина Шарифбоева, дар бахши "ЛИБОСИ ИДОНА ВА МАРСИМӢ" Азиза Ахмедова ва дар бахши "БЕҲТАРИН НАВЪИ СӮЗАНИДӮЗӢ ВА ГУЛДӮЗӢ" Мафтуна Пӯлотова мақомҳои якумро миёни тарроҳи вилоят соҳиб шуданд.
Ғолибият муборак бошад!