(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altШоми имрӯз дар маҳаллаи «Дўстии халқҳо»-и шаҳри Хуҷанд сокинон бо риояи анъанаҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ва урфу одати ниёгон ҷашни Наврўзи байналмилалро истиқбол намуданд.

Оростони дастархони наврўзӣ, сумалакпазӣ, қироати шеъру суруди наврўзӣ, қадршиносии шахсони фаъоли маҳалла ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.
Таъкид шуд, ки ниёгони мо ҳанўз аз замони шоҳ Ҷамшеди бузургу хирадманд ин ҷашнро ҳамчун рамзи пайванди ногусастанӣ миёни табиат ва инсон, айёми покиву сафо, муҳаббату дўстӣ, эҳсону сахо ва бахшоишу самимият бо шукўҳу ҷалоли хоса таҷлил мекардаанд. Зеро он тибқи илми ситорашиносӣ ба нахустрўзи офаринишу баҳор, рўидани сабзаву ҷон гирифтани рўдҳо, шукуфтани гулҳо ва зинда шудани умеду орзу дар қалби инсонҳо ва муҳимтар аз ҳама, ба лаҳзаҳои баробар шудани шабу рўз рост меояд. Яъне Наврўз оғози соли нав ва ибтидои тақвими нав мебошад. Мардуми мо Наврӯзро ба ҳайси падидаи паёмовар, шодмониҳо, зебоиҳо ва самимият ид мекунанд. Наврӯз дар оғози сол ба умедҳо ва орзуҳои ширини мо ҳамроҳ шуда, инсонро ба ояндаи фараҳбахш дилбаста менамояд ва шавқу завқро нисбат ба зиндагӣ ва меҳнат афзун мегардонад. Наврӯз барои деҳқони тоҷик фурсати мувофиқ аст. Дар Наврӯз тамоми муноқишаҳо фаромӯш гардида, ранҷишҳо ва гуноҳҳо бахшида мешаванд, эҳтиром ба ҳамдигар, меҳрубониву инсондӯстӣ ва ғамхорӣ нисбат ба наздикону дӯстон зиёд гардида, муҳаббат ба Ватану табиат боз ҳам самимитар мегардад. Наврӯз ҷашни тозагии рӯҳ аст ва ҷашни бархурдорӣ аз хушиҳои зиндагист. Бегуфтугӯ ҷашни зиндаест аз ҷашнҳои дигари ориёӣ. Ин ҷашни тавҳиди Инсон ва Табиат аст. Аз ҳамин хотир, тӯли ҳазорсолаҳо аз лавҳи хотири инсонҳо зудуда нашуда, балки тамоми расму оини наврӯзӣ то ба имрӯз дар гӯшаю канори мамлакат роиҷ аст. Мардуми мо Наврӯзро ба ҳайси падидаи паёмовар, шодмониҳо, зебоиҳо ва самимият ид мекунанд. Наврӯз дар оғози сол ба умедҳо ва орзуҳои ширини мо ҳамроҳ шуда, инсонро ба ояндаи фараҳбахш дилбаста менамояд ва шавқу завқро нисбат ба зиндагӣ ва меҳнат афзун мегардонад.
Барномаи фарҳангӣ ба чорабинии наврўзи шукуҳи дигар бахшид.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд