(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt

НАВРЎЗИ АҶАМ ЗИНДАВУ ПОЯНДА БОД!

Сокинони сарбаланди Хуҷандшаҳри бостонӣ, меҳмонони гиромӣ!

Ҷашни бузурги аҷдодӣ, Наврўзи хуҷастапайи ҷаҳонӣ соат ба соат наз-дик мешавад ва дар фазои шаҳрамон шодиву нишоти кўдакон, шукронаи пирон ва нашъунамои наврасону ҷавонон ба як тантанаи фаромўшношуданӣ бадал мешавад.

Наврўз аз замони пайдоишаш то имрўз тараннумгари зебоиву накўӣ буда, як ҷузъи ҷудонопазири инсон ва табиат мебошад. Яъне, дар нимкураи шимолии Замин фасли сармо поён мепазирад ва рўзгори гарму нарм фаро мерасад. Кам шудани сардӣ, об шудани ях ва нарм шудани ҳаво ба одамон пайки шодӣ мерасонад.

Дар таърихи фарҳанги мардуми эронитабор ҳеч як анъана ва расму ойине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврўз азизу арҷманд нест, зеро Наврўз пайвандгари насли имрўз бо расму ойин, арзишҳои миллӣ, меҳру садоқат ва анъаноти ниёгони арҷманд мебошад.

Барои ҷаҳонишавии Наврўз саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис-тон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят бузург аст. Бо талош ва пофишориҳои Пешвои миллат 18-уми феврали соли 2010 дар ҷаласаи 64-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид, таҳти фасли 49, ки унвони “Фарҳанги ҷаҳон”-ро дорад, Қарорномаи “Рўзи ҷаҳонии Наврўз” ба тасвиб расид. Он бо пешниҳоди кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия ва Туркманистон мавриди баррасӣ қарор гирифт ва соли 14-ум аст, ки дар кишварҳои ҷаҳон 21-уми март ҳамчун Рўзи байналмилалии Наврўз таҷлил мегардад.

Ба ин муносибати фархунда аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҳамаи шуморо самимона шодбод мегўям. Бигузор ин ҷашни ҷаҳонӣ ба сарзамини хуршедии Тоҷикистони соҳибистиқлол нишоту сарсабзӣ, осоишу ободӣ, нерўи созандаву офаранда ва баракату фаровонии зиёд оварад.

Воқеан, як хусусияти ҷашни Наврўз барои ориёиҳои аҳди бостон иборат аз ин буд, ки дар ин рўз ба ҳамдигар ҳадя мефиристоданд ва бо ҳамин расм меҳру муҳаббатро нисбат ба ҳам-дигар ифода менамуданд. Расми дигари ориёиҳои қадим ин аст, ки онҳо дар рўзи нав ҳафт намуди ғалларо дар канори хона мекоштанд ва аз рўидани ин ғалла натиҷаи зироатро барои оянда пешгўӣ менамуданд. Дар ин рўз орифу омии кишвар либоси тозаю нав ба бар карда, ба тамошогоҳ мерафт ва Наврўзро, ки сароғози сол, иди соли нав, иди сари сол ҳам мегўянд, тантана мекард.

Боиси ифтихор аст, ки ба шарофати истиқлолу озодӣ Наврўз – ҷашни ниёгони соҳибфарҳанги мо эҳё ва мазмуну моҳияти нав пайдо кард. Солҳои охир ба истиқболи ин ҷашни фархунда баробари иҷрои суннатҳои он, инчунин, вусъат додани корҳои созандаву ободгарона, сохтмони иншооти гуногун, аз ҷумла муассисаҳои иҷтимоӣ – мактабу кўдакистонҳо, марказҳои саломатӣ, бунёди боғҳои наздиҳавлигӣ, корхонаҳои истеҳсоливу роҳ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани онҳо ба ҳукми анъанаи нек даромадааст. Сокинони Хуҷандшаҳр масъулияти хешро дар роҳи ободии Ватан ба хубӣ дарк мекунанд ва дар ин самт фаъолияти густурдаро ба роҳ мондаанд.

Мо бояд шукрона кунем, ки имрўз дар фазои озоду сулҳу субот, дар кишвари соҳибихтиёру обод Наврўзро мутантан таҷлил менамоем. Ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, хусусан, дар шароити кунунии ҷаҳони муосир, ки фазои сиёсии он ва низоми муносибатҳои байналмилалӣ бошиддат тағйир меёбад, тақозо дорад, ки тамоми нерўи ҷисмониву зеҳнии худро ба ҳимояи сарзамини аҷдодӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, бунёдкориву созандагӣ ва рушди Ватани азизамон равона созем.

Дар ин замина, бовар дорам, ки ҷашни Наврўз ҳамчун пайвандгари дирўзу имрўз, таҷассумгари суннатҳои неки ниёгон ва мероси аҷдодонамон барои мардуми фарҳангсолори мо, ба сифати арзиши бебаҳои маънавӣ хизмат менамояд.

Бори дигар кулли меҳмонон ва ҳамшаҳриёни азизро ба муносибати ҷашни Наврўз самимона шодбод мегўям, ба ҳар яки шумо хонаи обод, иқболи баланд, зиндагии орому осуда ва Нав-рўзи ҷовидониро таманно дорам.

Хуҷаста бод, Наврўзи дилафрўз!