(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар МТҒ “Ирфон”-и шаҳри Хуҷанд ҷомеаи меҳнатии ин муассисаи таълимӣ бо хонандагон Наврўзи байналмилалро ботантана қайд нмуданд.

Расму оин ва суруду таронаҳои наврӯзӣ ба чорабинӣ ҳусни идона бахшид.
Таъкид шуд, ки тамаддуни халқи мо бо Наврӯз оғоз мегардад, яъне Наврӯз оғозгоҳи мардуми фарҳангии мо маҳсуб ёфта, аз давраҳои бостон то имрӯз бо беҳтарин арзишҳои худ ба зиндагии мо рангу таровати хоса мебахшад. Наврӯз барои миллати тоҷик китоби сарнавишт буда, ниёгони мо ҳатто дар давраҳои мушкилтарини таърихӣ ин ҷашни муқаддас ва ҳуҷастаи худро ҳимоят мекарданд ва бо Наврӯз дубора зинда мешуданд.
Зикр шуд, ки Наврӯз ҳамчун ҷавҳари тобнок ва нишонаи ҷовидонаи тамаддуни халқи тоҷик ҳамеша нигоҳдорандаи мардум, забон, расму ойин, фарҳангу таърих ва ниҳоят Ватан будааст. Аз ин рӯ, Наврӯз барои мардуми мо ҷашни ниҳоят муборак буда, дар моҳи Фарвардин, ки маънои пок, озода, қудсӣ ва муқаддасро дорад, таҷлил мегардад.
Мо имрӯз ба шарофати истиқлолияти давлатӣ таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзро ҳамчун ифодагари ормонҳои миллии мардуми тоҷик бо самимият ва шаҳомати хоса таҷлил мекунем ва рӯҳи озодаи онро дар вуҷуди худ дубора эҳсос менамоем.
Дар идомаи чорабинӣ бо иҷрои суннатҳои наврўзӣ, аз ҷумла пухтани сумалак ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд