(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altУстодону донишҷӯёни Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологияи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҷашни Наврӯзи байналмилалиро бо шукргузорӣ аз фазои ободу созгор ва пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил намуданд.

Роҳбарияти Донишгоҳ ҳайати устодону донишҷӯёни ин даргоҳи маърифатро бо ҷашни бостонии Наврӯз табрик намуда, ба онҳо дар пешбурди сатҳи таълим ва тарбия дар донишгоҳ комёбиҳо таманно намуд.
Зикр гардид, ки Наврӯз ҳамчун сари соли нав–айёми баробар шудани шабу рӯз, эҳёи табиат ва оғози мавсими кишту кори баҳорӣ таҷлил карда мешавад. Наврӯз на танҳо дар Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, балки дар Миср, Туркия, Узбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, мамлакатҳои Қафқоз, Покистон, Ҳиндустон ва дигар давлатҳо низ ҷашн гирифта мешавад. Ҷашнгирӣ ифодаи меҳр, муҳаббат ва эҳтиром нисбат ба ниёгон ва мероси гаронбаҳои онҳост. Умари Хайём дар «Наврӯзнома»-и хеш чунин овардааст: «Аммо сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки Офтобро ду давр бувад: яке он ки ҳар се саду шасту панҷ рӯз, ба аввалин дақиқаи Ҳамал боз ояд ба ҳамон вақт ва рӯзе, ки рафта буд. Ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт, «Наврӯз» ном ниҳод ва ҷашн оин овард ва пас он подшоҳон ва дигар мардумон бад-ӯ иқтидоъ карданд».
Барномаи идонаи фарҳангии устодон ва донишҷӯёни Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологияи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо фарогирии тамоми анъанаҳои наврӯзӣ табъи ҳозиринро болида намуд.