(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар МТТ №4-и шаҳри Хуҷанд бо баргузории мафҳиле аз ҷашни Наврӯзи байналмилал таҷлил намуданд.

Дӯстрӯякон дар васфи Баҳор, Наврӯз, табиат, Ватан, Истиқлолият, Ваҳдат шеъру суруд ва таронаҳои ҷолиб иҷро намуданд.Рақсҳои мавзун намоиш дода шуд.
Таъкид гардид, ки ба сарзамини нозанин ва мамлакати дилнишини мо баҳор омад. Баҳоре, ки ҳамраҳаш гулу себаргаву навои булбул ҳамроҳ аст. Баҳоре, ки ҳама ҷоро чаманзору майсазор менамояд. Баҳоре, ки дили инсонро аз нав ба зиндагӣ гарм мекунад. Баҳоре, ки Наврӯзро ба мо ҳадя меорад, то ба зиндагиамон нуру сафои нав бахшем.
Зикр шуд, ки Наврӯз аҷаб айёми зебоест. Нуру ҷило ва сидқу сафои тоза, меҳру вафо ва савту навои хосса, рангу намои ҷаззоб, хосияти беҳисоб дорад он. Пеш аз он ки вуруди мулк шаваду мақоми худро он ҷо дарёбад, сараввал пайки ӯ он ҷо ҷойгузин мешавад. Дилрабоию ҷолибӣ, мардумқаринию шарафёбӣ ба эъҷозкории ӯ ҳам ба воситаи пайкҳои ӯст.