(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altАҳли ҷомеаи меҳнатӣ ва донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд бо иҷрои суннатҳои неки наврӯзи ин ҷашни байналмилалро бо суруру шодмонӣ таҷлил карданд.

Дар саҳни ҳавлии ин муассисаи таълимӣ бо баргузор намудани бозиҳои миллӣ, оростонаи дастархони наврӯзӣ, намоиши либосҳои миллӣ, пухтани сумалак, ироаи суруди “Бойчечак” ва дигар анъанаҳо ҳамдигарро бо ҷашни Наврӯзи байналмилал табрику таҳният гуфтанд.
Дар чорабинии тантанавӣ, ки дар толори барҳавои Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд сурат гирифт, ҳамагонро директори Коллеҷи тиббии шаҳр Алимат Мавлонзода табрику таҳният гуфта, доир ба нақшу мақоми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷаҳонӣ гардонидани мақоми Наврӯз маълумот дода, аз ҷумла афзуд, ки бо баробари қабул шудани ин пешниҳод минбаъд бо шаҳомати хоса таҷлил гардидани Иди Наврӯз, ҷашни миллии мо шароити мусоид фароҳам овард. Ҳар сол дар Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамҷавор ин иди байналмилалӣ ба таври расмӣ пуртантана ҷашн гирифта мешавад. Дар доираи ин иди бошукўҳ ташкил шудани чорабиниҳои рангини идона аз анъанаҳои бостонӣ маҳсуб ёфта, ҳамзамон аз фарҳанги бойи моддию маънавии аҷдодӣ дарак медиҳад.
Ин ҳама аз баракати Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ аст.
Таъкид шуд, ки Наврўз чун рамзи пайванди азалии инсон бо табиат дар шабу рўзҳои эътидоли баҳориву иваз шудани сол фаро мерасад ва бо расидани он рўзгори кўҳан зиндагиро аз сар мегирад, табиату ҳастӣ рахти нав ба тан мекунад ва дар рўҳу ҷони одамон гардише падид меояд. Иди Наврўзро, ки бо фарорасии он гармии ҷонбахши баҳорӣ оғоз меёбад, ҷашни шукўҳи табиат ва овони эҳёи он гуфтаанд. Ин иди зебои ниёгони мо, ки дар ҳама давру замонҳо аз ҷумлаи бузургтарин ҷашнҳои муқаддаси миллӣ ва ойини зиндагисози мардум ба ҳисоб меравад, ҳамчун рамзи корҳои баҳорӣ ва файзу баракати сол, пеш аз ҳама ба кишоварзон нерўву илҳоми тоза ато мекунад.
Сипас Баҳор дар даст сабза вориди саҳна шуд. Деҳқон низ бо қувваи нав, бовиқор каланд дар китф ба кишту кор оғоз намуд.
Донишҷӯён таҳти мусиқии садои доира ба саҳна баромада дар васфи Наврӯз, Баҳор Тоҷикистон шеърҳо қироат намуданд. Рақсу сурудҳои дилнишин чорабиниро боз ҳам пуршукуҳ намуд.