(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Кохи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоташон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, ки санаи 9-уми марти соли 2024 сурат гирифт, бо иштироки Ҷамолиддин Абдуллозода – Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари гурўҳи корӣ дар шаҳри Хуҷанд оид ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо фаъолони шаҳр мулоқот баргузор гардид.

Чорабиниро Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла таъкид намуд, ки ҳадаф аз баргузории мулоқоти имрӯза низ, пеш аз ҳама таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот ироа гардид ва ба масъалаҳои мубрами ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ нигаронида шудааст, мебошад.
Сипас, Ҷамолиддин Абдуллозода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари гурўҳи корӣ дар шаҳри Хуҷанд оид ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, дар такя ба суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла таъкид дошт, ки вақти он расидааст, ки мо бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлубу хатарнок, аз ҷумла ифротгароиву терроризм сарҷамъона мубориза барем ва дар кишвар волоияти қонунро таъмин намоем.
Иттилоъ дода шуд, ки дар замони шӯравӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 34 масҷид, аз ҷумла 17 масҷиди ҷомеъ, 15 калисо ва 2 куништ фаъолият дошт. На ҳаҷ буд, на ҳоҷӣ буд, на умра буд, на донишкадаи исломӣ ва на шумораи зиёди масҷидҳои панҷвақтаю ҷумъахонӣ.
Имрӯз бошад дар Тоҷикистон 4 ҳазор масҷид, Донишкадаи исломӣ, ниҳодҳои диншиносии илмӣ, беш аз 250 ҳазор нафар ҳоҷиён, бештар аз 400 ҳазор умракардагон ва ҳазорҳо нафар ходимони дин – дастпарварони муассисаҳои таҳсилоти динии хориҷиву ватанӣ дар фазои озодиҳои истиқлол тарбия ёфтаанд. Дар пойтахти Тоҷикистон яке аз бузургтарин масҷидҳо дар минтақа бунёд карда шуд. Сохтмони бинои наву ҳозиразамони Донишкадаи исломии Тоҷикистон бо санъати баланди меъмории миллӣ босуръат идома дорад. Вале бар ивази ҳамаи тадбирҳои то имрӯз амалигардида ва дастгириву пуштибонии давлату Ҳукумат ҷиҳати муътадил нигоҳ доштани вазъи динӣ дар мамлакат таассубу хурофот, тафриқаандозӣ, бегонапарастиву зиёдаравӣ, ифротгароӣ ва амалҳои террористии хусусияти динидошта ба омили ташвишовар ва нигаронии ҷиддӣ табдил ёфта истодааст. Зимнан бояд гуфт, ки ҷашни соли нави аҷдодӣ – Наврӯз низ бо ташаббуси Тоҷикистон мақоми байналмилалӣ гирифт.Таомҳои миллии тоҷикӣ– оши палав, либосҳои миллии мо, аз ҷумла чакан дар ҷаҳон муаррифӣ шуданд.
Дар ҷараёни мулоқот Мунзифа Пўлотова, раиси Кумиҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва Ҳоҷӣ Ҳусайн Мўсозода, сархатиби масчиди ҷомеаи Шайх Маслиҳатдин низ баромад намуда, андешаҳои хешро баён доштанд.
Зикр гардид, ки дар даврони то соҳибистиқлол шудани кишвар аз 5 миллион аҳолии Тоҷикистон ҳамагӣ 29 нафар маросими ҳаҷро анҷом дода буд.
Аммо дар замони соҳибистиқлолӣ, бо вуҷуди он, ки мо дар натиҷаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба мушкилоти сахту сангини иқтисодӣ рӯ ба рӯ гардидем ва таъсири манфии онро то имрӯз дар ҳаёти худ эҳсос мекунем, раванди ба ҳаҷ рафтани шаҳрвандон тамоюли зиёдшавӣ касб намуд.
Танҳо соли 2023-юм 63 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар маросими ҳаҷ ва умраро адо кардаанд ва маблағи ба ҳисоби миёна харҷнамудаи онҳо ба беш аз 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ баробар шудааст.
Маблағи барои ҳаҷ сарфкардаи шаҳрвандони мо дар замони соҳибистиқлолӣ қариб 12 миллиард сомониро ташкил додааст, ки дар шароити имрӯза, яъне дар замоне, ки дар аксари кишварҳои ҷаҳон раванди манфии пастравии иқтисодиёт мушоҳида мегардад ва дар қариб 80 кишвари дунё мардум аз нарасидани ғизо ва гуруснагӣ азият мекашанд, барои кишвари мо маблағи хеле калон ба ҳисоб меравад.
Агар маблағи мазкур барои бунёди манзили истиқоматӣ, беҳтар кардани шароити зисту таҳсили фарзандон, таъмини ғизои босифат, сару либос ва ашёи хониш, инчунин, дастгирии ниёзмандон ё корҳои ободонӣ сарф мегардид, шароити зисти чӣ қадар оилаҳо беҳтар мешуд.
Мавлуда Шарифзода, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд ва Акмал Абдуллоев имомхатиби масчиди ҷомеаи “Нури ислом” баргузор гардидани чунин мулоқотҳоро талаби замон унвон намуда, аз фаъолон даъват ба амал оварданд, ки моҳи Рамазон фурсати беҳтарин барои вусъат додани амалҳои хайру савоб дар ҳаққи ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоату бесаробонмонда, ниёзмандону дармондагон ва наздикону пайвандон мебошад. Мо ҳамагон ба аз як гиребон сар бароварда, ба ҷойи исрофкорию худнамоӣ, таассубу хурофот, ва зиёдаравӣ барои ободонию пешрафти Ватани азизамон қудрат ва тавонии худро сарф намоем.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд