(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрўз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода бо иштироки муовини аввал, муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирони шўъбаю бахшҳо, роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, сохторҳои корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳр, раисони маҳаллаҳо ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ баргузор гардид.

Фирдавс Шарифзода нахуст таваҷҷуҳи иштирокдорони ҷаласаро ба корҳои омодагӣ ба таҷлили бошукуҳи Наврўзи байналмилал, аз ҷумла омода намудани иншооти ҷашнӣ ҷалб намуда, таъкид дошт, ки Наврӯз, ки дар сарнавишти миллати мо ва тамоми меросбарони ин ганҷинаи бебаҳои бостонӣ нақши барҷаста дорад, ҳамчун падидаи нотакрори фарҳангиву тамаддунии дар айни замон ҷаҳонишуда тайи ҳазорсолаҳо инсонҳоро ба таҳаммулгароиву ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдату дӯстӣ, созандагиву офарандагӣ, барои эҷод ва бунёди зиндагии беҳтар, дӯст доштани ҳаёт ва табиат ҳидоят кардааст. Мо ифтихор дорем, ки баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони азизамон ин ҷашни бузурги аҷдодиамонро умри дубора бахшида, ба сатҳи байналмилалӣ расонидани мақоми онро таъмин кардем ва ин ойини деринаи ниёгонамонро ҳар сол дар саросари мамлакат бо иштироки тамоми сокинони кишвар таҷлил менамоем.
Таъкид гардид, ки фазилати Наврӯз ҳамчун ҷашни пайванди инсон бо табиат аз вусъати амалҳои созандаву ободгарона, сабзонидану парвариши ниҳолҳо ва бунёди боғҳо иборат аст. Аз ҷумла, обод намудани кўчаву хиёбонҳо, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти худӣ, бунёди корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ, инчунин, тозаву озода гардонидани хонаву кошона, хиёбону маҳалҳои зист ва дигар амалҳои ободонӣ аз ҷумлаи корҳое мебошанд, ки ҳар кадоми мо бояд онҳоро ба хотири боз ҳам ободу зебо ва мунаввар гардонидани шаҳри бостонии Хуҷанд равона намоем.
Фирдавс Шарифзода ба муовинони Раиси шаҳри Хуҷанд, масъулини кўчаву хиёбонҳо ва раисони маҳаллаҳо дастур дод, ки корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва дарахтшинонию гулзоркуниро вусъат бахшида, намои зоҳирии маҳаллаву кўчаҳоро ба фазои идона мубаддал гардонанд. Ба масъулини далдор ҷиҳати омодагӣ ва дар сатҳи баланд баргузор кардани чорабиниҳои наврӯзӣ дастуру супоришҳо дода шуд.
Ҳамзамон масъулин ҷиҳати вусъат додани сабзкорӣ, шинонидани ниҳолҳои ҳамешасабз, рангубори биноҳои баландошёнаа, мумфаршкунии роҳҳо, тоза намудани ҷӯйборҳо, саривақт гирифтани партов, роҳандозии кори муназзами хадоми коммуналӣ ва ғайраҳо вазифагузорӣ карда шуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд