(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Эҳтиром ба парчами миллӣ.Бахшида ба муносибати таҷлили ҷашни Рӯзи парчами давлатӣ дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид.
Онро бо сухани муқаддимавӣ директори донишкада Дилрабо Мансурова ҳусни оғоз бахшида, қайд кард, ки эълон шудани Рӯзи Парчами Тоҷикистон воқеаест фараҳбахш ва баргузории он дар дили ҳар фарди ватандӯст ва сокини Тоҷикистони азиз эҳсоси дӯст доштан ва парастиш кардани ин сарзаминро дучанд менамояд.
Сармутахассиси шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ташкилотҳои ҷамъиятии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят шоир Ният Ҳаёт паёми табрикотии Раиси вилоят Абдураҳмон Қодириро бахшида ба Рӯзи парчами давлатӣ ба самъи ҳозирин расонда, ҳамзамон аз таърихи пайдоиши парчам ва нақши он дар ҳаёти сиёсии кишвар сухан ронд. Мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ташкилотҳои ҷамъиятии МИҲД-и шаҳри Хуҷанд Мирзоқосим Каримов номаи муборакбодии раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзодаро қироат намуд.
Вакили намояндагон дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, устоди донишкада Бойпочо Фатҳиддинов хотироти хешро аз маросими қабули парчами нав ба ҳозирин нақл намуда, хизматҳои шоёни академик Муҳаммад Осимиро дар ин самт бо мисолҳои возеҳ шарҳ дод.
Устоди кафедраи ҷомеашиносӣ, номзади илмҳои таърих Мӯътабар Ғозиева дар бораи моҳият ва арзиши парчам маърӯза намуда, дар эътибори байналмилалӣ пайдо кардани рамзҳои давлатии Тоҷикистон саҳми Президент Эмомалӣ Раҳмонро нек арзёбӣ намуд.
Донишҷӯён дар васфи Ватан, модар шеъру суруд қироат намуданд.
Бо ҳамин ҷамъомади тантанавӣ анҷом пазируфт.