(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ушу байни наврасон, ҷавонон ва калонсолон баргузор гардид.

Мусобиқа тибқи нақшаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиш бо ҷалби васеи наврасону ҷавонон доир гардида, дар беш аз 200 нафар варзишгарон байни ҳам сабқат намуданд.
Таъкид шуд, ки мақсад аз баргузории мусобиқа ин тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба ин намуди варзиш, мустаҳкам намудани дустии варзишгарон, муайян намудани дастаи мунтахаб ва пешгирии омилҳои номатлуб байни наврасону ноболиғон ва ҷавонон ба ҳисоб меравад.
Дар охир ғолибону ҷоизадорон бо диплому медал қадршиносӣ гардиданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд