(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрўз аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар пайравӣ ба ташаббусу иқдомҳои раъиятпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи модар ба зиёда аз 260 нафар рўбандаю покизакорони шаҳр ширинию тӯҳфа ва маводи ниёзи аввалия супорида шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбати самимӣ бо рўбандаю покизакорони Сарраёсати ободонии шаҳр таъкид дошт, ки заҳмати шабонарўзии ҳар як корманди ҷодаи ободонӣ ҳамеша қадршиносӣ мегардад, зеро аз фаъолияти бомаром ва самаровари онҳо тозагӣ ва хуррамии маркази маъмурии вилояти Суғд –шаҳри Хуҷанд вобастагии зиёд дорад.
Раҷаббой Аҳмадзода таъкид дошт, ки ҳар гоҳ, ки сокинону меҳмонон аз тамошои дарахтони ҳамешасабз, гулҳои рангоранг, сабзазор ва кӯчаву хиёбонҳои зебо, тозаю озодаи шаҳри бостонии Хуҷанд ба ваҷд меоянд, пеш аз ҳама ба меҳнати шумоён баҳои баланд медиҳанд.
Зикр гардид, ки зан-модар ба мисли баҳор пурнакҳату муаттар, сабзу хуррам ва шодобу шукуфо буда, бо оғози фасли баҳор ва арафаи соли нави аҷдодӣ, яъне ҷашни Наврӯз тавъам омадани Рӯзи модар дар кишвари зебову офтобии мо рамзи нек аст. Яъне соли нави мо бо арҷ гузоштан ба мақому манзалат, қадру қимат ва ҳурмату эҳтироми модарону занони иззатманду меҳрубони мо шурӯъ мешавад.
Бешак, модар аввалин мураббии башарият аст ва тарбияи инсон аз домони поки ӯ оғоз мешавад. Зан мураббии инсон аст, аммо на мураббӣ ва муаллиме, ки фақат сухан гӯяд, балки ҳамчун модар тамоми хислатҳои неки инсониро ба кӯдак ба таври табиӣ интиқол медиҳад.
Маҳз модар дар қалби фарзандон тухми меҳру муҳаббат, дӯстиву рафоқат ва некиву накӯкориро мекорад, то оянда насли наврас чун ашхоси масъулиятшиносу меҳнатқарин, ободкору инсондӯст ва ватанпарвар ба камол расад.
Рўбандаю покизакорон барои чунин таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ ба Роҳбарияти Давлату Ҳукумат арзи сипос намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд