(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи модар ҳамоиши идона баргузор гардид.

Директори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд Алимат Мавлонзода бонувонро бо идашон табрику таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки модар арзандаи ҳама гуна эҳтиром, қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад, зеро ӯ меҳрубонтарин инсон барои ҳар як шахс буда, фарзанди худро бузургворона ва бо дилсӯзиву бахшоиш ҳамеша дастгиру пуштибон аст, ба хотири роҳату осоиши фарзандаш шабу рӯз заҳмат мекашад ва намегузорад, ки нури чашмони ӯ ба ранҷу озоре гирифтор гардад, бардаму солим ба камол расад, соҳиби одобу маърифат шавад, илму дониш ва касбу ҳунар омӯзад ва дар оянда барои ҷомеа хизмати сазовору шоиста анҷом диҳад.
Ба таъбири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: "Модарону бонувони азиз, ҳамчун нерӯи равшанибахши хонадон, мураббии нахустини фарзандон ва нигаҳдорандаи сафои зиндагӣ хеле корҳои шоистаро ба анҷом расонида, ҳамеша барои ҳифзи гармиву баракати хонавода ва мустаҳкам гардидани оила саъю талош мекунанд".
Натиҷаи ғамхориву дастгирии давлат ва Ҳукумат аст, ки ҳоло дар Тоҷикистони мо дар тамоми соҳаҳо бонувон фаъолияти пурсамар доранд. Мо бо ифтихор гуфта метавонем, ки имрӯз бонуи тоҷик роҳбари кордон, муҳаққиқи донишманд, табиби ҳозиқ, соҳибкори муваффақ ва албатта, тарбиятгару омӯзгори меҳрубон аст.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки бонувон минбаъд низ ин рисолати муқаддаси худро бо сабру таҳаммули хоси занону модарони тоҷик иҷро карда, барои боз ҳам баланд бардоштани нақшу мақоми бонувону духтарон дар ҳаёти давлат ва ҷомеа, инчунин дар пешрафту ободии кишвари маҳбубамон саҳми арзишманд мегузоранд.
Сипас аз ҷониби роҳбарияти коллеҷи тиббӣ ба якчанд нафар фаъолон тӯҳфа ва сипосномаҳо тақдим карда шуданд.
Барномаи фарҳангии сарошор тараннумгари нақшу эътибори бонувон дар ҷомеа табъи ҳозиринро болида намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд