(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altТибқи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонони ва варзиши шаҳр, шуъбаи кор занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рўзи Модар мусобиқаи шаҳрӣ оид ба намуди шоҳмот байни бонувони литсейҳои касбӣ - техникӣ ҷамъбаст гардид.

Мусобиқа дар Литсейи касби политехникии шаҳри Хуҷанд гузаронида шуда, дар он зиёда аз 40 нафар бонувон аз ҳисоби литсейҳои касбӣ иштирок намуданд.
Мақсад аз баргузории мусобиқа ин тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ҷалби бештари омма алалхусус бонувон ба намуди шоҳмот ба ҳисоб меравад.
Дар маросими ҷамъбастӣ таъкид гардид, ки соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар маҳсуб ёфта, он маҳз ба хотири таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат намудан ба омодакунонии варзишгарони касбии тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳисоб меравад. Туфайли дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгарони мамлакат дар мусобиқаҳои дохиливу байналмилалӣ фаъолона ширкат варзида, шараф ва нуфузи кишвари соҳибистиқлоли моро баланд мебардоранд.
Дар охир ба ғолибон ҷом, диплом, медал ва тӯҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд