(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altТибқи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонони ва варзиши шаҳр, федератсияи баскетбол ва шуъбаи кор занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рўзи Модар мусобиқаи шаҳрӣ оид ба намуди баскетбол барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Хуҷанд байни омўзгорон ва кормандони (бонувон) муассисаҳои олӣ, коллеҷҳо, литсейҳои касбӣ - техникӣ ва муассисаҳои умумии шаҳр дар толори варзишии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар мусобиқа бонувони муассисаҳои олӣ, коллеҷҳо, литсейҳои касбӣ ва муассисаҳои умумӣ байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Дар натиҷа сазовори ҷои якум дастаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, ҷои дуюм дастаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва дастаи Листсейи касбии техникии сохтмонии шаҳри Хуҷанд мақоми сеюмро ба даст оварданд.
Дар маросими ҷамъбастӣ таъкид гардид, ки соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар маҳсуб ёфта, он маҳз ба хотири таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат намудан ба омодакунонии варзишгарони касбии тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳисоб меравад. Туфайли дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгарони мамлакат дар мусобиқаҳои дохиливу байналмилалӣ фаъолона ширкат варзида, шараф ва нуфузи кишвари соҳибистиқлоли моро баланд мебардоранд.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ бо ғолибон ҷом, диплом, медал ва тӯҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд